Як марди дузана дар Душанбе ноболиғи 12-солаеро, бо роҳи фиреб, ба никоҳаш дароварда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.
ВКД дар як гузориши телевизионӣ мегӯяд, гумонбаршуда Касиров Давлатманд Саидовичи 46-сола буда, миёни мардум бо лақаби Ҳоҷӣ Давлат машҳур будааст. Бино ба гузориш, номбурда қаблан низ бо иттиҳоми алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракатҳои хусусияти шаҳвонидошта бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни 16 нарасидааст, дузанагӣ ва қаллобӣ суд шуда будааст.
Дар навор худи ноболиғ мегӯяд, ки аз никоҳ бо ин мард хабар надоштааст ва пас аз он ки занаш гуфтааст, “ҳо бигӯ, ба тамошо мебарамон”, нафаҳмида, “майлаш” гуфтааст.
«Маро ба пешаш фарёд кард. Гуфт, маро мегирӣ? Не, шумо чени бобом мешен, гуфтам. Занаш гуфт, ҳо бигӯ, тамошомон мебарад. Ман нафаҳмида «Ҳо» гуфтам. Баъд, “Хостам ва қабулат кардам”, гуфт. Шаб маҷбурам кард, ки дар бари худашу занаш хоб равам. Ман не гуфтам. Қиртақма ҷқид, як муштам зада, телам кард, сарам ба девор зад”, — мегӯяд ноболиғ дар навор.
Манбаъ мегӯяд, ки Ҳоҷӣ-Давлат аз ҳолати нотавонию оҷизии ноболиғ истифода карда, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонии худ нисбати хурдсол ҳаракатҳои бадахлоқонаро содир кардааст.
Гуфта мешавад, нисбати Касиров Давлатманд Саидович аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Сино бо моддаҳои 142 (Ҳаракати бадахлоқона. Анҷом додани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахсе, ки баръало ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст, ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои ҷинояти пешбининамудаи моддаи 138, 139 ва 140 ҳамин Кодекс: “бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад) ва 170 (Дузанагӣ ё серзанагӣ. Дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ, “бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати то ду сол ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.