Мирҳусейн Нарзиев, ки ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистонро сарварӣ мекунад, бо пахши як изҳорот эълон кард, ки баргузории интихоботи навбатии президентӣ бе истифодаи технологияи нав «саҳначаи» қаблан тарҳрезикардаи ҳукумат аст ва ҳизби ӯ ин интихоботро ғайриқонунӣ меҳисобад.

Матни ин изҳорот, ки имрӯз ба дасти редаксия расид, бе таҳрир пешкаши хонандагон мегардад:

«Рӯзи 6 август ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ  хилофи талаботхои Конститутся тариқи оҷили интихоботи Президенти мамлакатро эълон намуданд. Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон интизорӣ дошт, ки интихоботи навбатии Президентӣ  бо истифода аз технологияи нав – интихоботи биометрӣ баргузор мегардад, ки чунин шакли овоздиҳӣ ба тақаллубкориҳо хотима мебахшад. Новобаста аз ба даст овардани суботи сиёсӣ дар Точикистон, интихоботҳои тақаллубкоронаи қаблии Президентӣ ва Порлумонӣ бо ширкати номзадҳо аз гурӯҳ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, Тоҷикистонро аз меъёрҳои демократӣ ба канор бурда, боиси: рӯшди бемайлони фасод, ки ба амнияти давлат таҳдид намуда истодааст;  хилофи Конститутсия ба Чин додани 1158 км мураббаъ масоҳати мамлакат, риоя нашудани адолати иҷтимоӣ (дар мисоли тақсими беадолатонаи моликияти Шӯравӣ инчунин нафақаи ночизтарин, ки боиси болоравии шиддати иҷтимоӣ ва хориҷи кишвар рахти сафар бастани садҳо ҳазор шаҳрвандон; аз байн бурда гуногунафкории сиёсӣ ва амалан ба яккаҳизбӣ раҳандозии аҳзоб; тасарруфи маблағҳои мизоҷон аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, набудани назорати мардумӣ аз болои харҷи маблағҳои бӯҷҷа ва ғайраҳо мисол шуда метавонанд. Баргузории интихоботи Президентӣ тибқи “сахнача”-и қаблан тарҳрези намудаи ҳукумат (яъне танҳо бо ширкати ҲХДТ ва ҳизбҳои ҳукуматисохт, ки ба хотири фиреби назари интихобкунандагон ва ҷомеаи ҷаҳон тарҳрези шудаанд), мантиқи баргузории интихоботи демократиро комилан аз байн мебарад.

ҲСТ бинобар хилофи Конститутсия таъин намудани Интихоботи Президентӣ, таҳти дахолати ҳукумат қарор доштани ҷараёни интихобот, набудани имкониятҳои баробар ба ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолифин инчунин дар як фурсати кам раҳандозии ҷамъоварии 5% имзои интихобкунандаҳоро баррасӣ намуда, изҳор менамояд:

  1. баргузории интихоботи Президентиро бе номзадҳои алтернативии воқеӣ (яъне ҳизбҳои оппозитсионӣ) тасарруфи ҳокимияти давлатӣ ва ҷиноят меҳисобад.

  2. интихоботи Президентӣ танҳо бо ширкати номзадҳо аз ҳизбҳои ҳукуматисохт (яъне ҲХДТ ва филиалҳои он) мантиқи интихоботи демократиро аз байн мебарад.

  3. барои гирифтани пеши роҳи тақаллубкориҳо ҳукумати Тоҷикистонро зарур буд, ки таҳти назари СММ, САҲА рестри ягонаи интихобкунандаҳоро бо усули биометрӣ то рӯзи интихобот омодаю баъдан дар ҷараёни интихобот истифода намояд. Чун фосила барои тайёр намудани руйхатти интихобкунандагон бо технологияи нав басанда нест, ҲСТ интихоботи Президентиро ғайриконунӣ, беэътибор аз рӯзи кабули қарори МН ва ММ ҳисобида, аз пешбарии номзади худ худорӣ ва интихобти Президентиро таҳрим менамояд.

Раиси ҲСТ М. Нарзиев».

Аз ҷониби ҷиноҳи дигари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон раиси он Абдуғаффор Ҳалимов номзад ба инихоботи президентӣ пешниҳод шудааст.

ҲСТ дар шаҳри Хуҷанд таъсис ёфтааст ва нахустин раҳбари он зан буд, аммо дар соли 1997 раҳбарии ҳизбро Сафаралӣ Кенҷаев, раиси пешини Шӯрои Олӣ ба уҳда гирифт. Пас аз марги Кенҷаев, дар соли 2000 корманди Пажӯҳишгоҳи физики нуҷумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мирҳусейн Нарзиев раҳбари ин ҳизб интихоб шуд, вале дар соли 2004 дар миёни аъзо ва тарафдорони ин ҳизб ихтилоф ба миён омад. Дар моҳи июли ҳамон сол Абдуҳалим Ғаффоров ва Қурбон Восиев бо баргузории ҷаласа Мирҳусейн Нарзиевро аз роҳбарии ҳизб барканор карданд ва Абдуҳалим Ғаффоров роҳбар эълон шуд. Инак, чанд сол мешавад, ки Нарзиев низ дар баробари Ғаффоров худро раиси ин ҳизб мешуморад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here