Нависандаи 63-солаи ӯзбек Нуруллоҳ Отахонов, ки баъди ду соли табъиди ихтиёрӣ дар Туркия, рӯзи 27 сентябр ба Ӯзбекистон баргашт, дар боздоштгоҳе дар шаҳри Тошканд нигаҳдорӣ мешавад.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ба наздикони нависанда машварат додаанд, ки вакили дифоъ киро кунанд.

Ҳамсари нависанда Гулнора Отахонова мегӯяд, шавҳари ӯ дар паҳн кардани ақидаҳои тундгароӣ дар китоби “Ин рӯзҳо”-яш айбдор мешавад.

Дар китоби “Ин рӯзҳо” нависанда рушди Ӯзбекистонро дар солҳои истиқлол танқид мекунад. Нависанда дар ин китоб ҳамчунин низомеро, ки президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов асос гузошта буд, танқид ва худкома номидааст.

Нуруллоҳ Отахонов ҳангоми аз Истамбул ба Тошканд баргаштанаш аз сӯи кормандони мақомоти қудратӣ дар фурудгоҳи Тошканд боздошт ва ба идораи милитсия бурда шудааст.

Ҳамсари нависанда мегӯяд, дар идораи милитсия бо шавҳараш мулоқот кардааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Кумитаи дини Ӯзбекистон китоби “Ин рӯзҳо”-ро тундгароӣ эътироф кардааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here