Дирӯз се бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии финали Ҷоми футболи миллатҳои Осиё-2019 баргузор шуд, ки натиҷаи якеи он ба барканории як сармураббӣ боис гардид.
Дастаи мунтахаби Тойланд ахиран тавонист, ки баъди шикасти ранҷоваре аз Ҳинд ва барканор шудани сармураббиаш шаҳди пирӯзӣ чашад. Урдун, ки дар даври аввал ҳангома кардаву чемпионҳои феълии Осиё дастаи мунтахаби Австралиёро мағлуб карда буд, дар ин давр Сурияро ноком кард ва худ пеш аз муҳлат ба даври дигар роҳхат гирифт. Дар дастаи мунтахаби Сурия баъди ин шикаст тағйирот шуд ва мутахассиси немис Бернд Стэнҷ аз вазифаи сармураббӣ озод гардид. Дастаи мунтахаби Ҳинд дар ин давр ба соҳибони мусобиқа бохт ва натавонист, ки аз 4 голи дар даври якум задааш ақалан якеро такрор кунад. Аморати Араб баъди мусовӣ бо Баҳрайн дар даври якум ва шикаст додани Ҳиндустон дар ин давр соҳиби 4 имтиёз шуд.
Имрӯз се бозии дигар баргузор хоҳад шуд. Соати 18:00 Фаластин бо Австралиё, соати 20:30 Филиппин бо Чин ва 23:00 Қирғизистон бо Куриёи Ҷанубӣ бозӣ мекунанд.
Ҷоми миллатҳои Осиё-2019. Даври дуюми гурӯҳӣ
Баҳрайн – Тойланд — 0:1
Гол: 58 Сонгкрасин.
Урдун – Сурия – 2:0
Голҳо: 26 Ал-Тамарӣ, 43 Хаттаб.
Ҳинд — Аморати Араб — 0:2
Голҳо: 41 Муборак, 88 Мабҳут.
Дар акс Бернд Стэнҷ