«Маҳбуби Ватан» маҷмӯи мақолаҳои илмӣ ва публисистие мебошад, ки ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо эҳтимоми нашрияи ҳизбии “Нигоҳи халқ” ва дастгирию сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ба нашр расидааст.
Мураттиби китоб сардабири рӯзномаи мазкур Муродулло Почозода мебошад.
Дар ин маҷмӯа 30 мақолаи илмӣ ва публисистии олимон, сиёсатмадорон, вакилони халқ, ходимони давлатию ҳизбӣ, муҳаққиқони ҷавон ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар ҷо дода шудаанд.
Муҳтавои асосии мақолаҳои ин маҷмӯа аз тавсифи корнома ва шахсияти нотакрори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши ҳизб дар пешрафту ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол иборат аст.
“Маҳбуби Ватан” тавассути нашриёти “Ношир”-и шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми 240 саҳифа ва бо теъдоди 100 нусха ба табъ расида, дар нашри босифати он саҳми муҳаррири китоб, олими ҷавону муваффақ Мирзоолим Мирзораҳимов ва муҳаррири техникӣ Абдусамад Абдумаҷидов низ кам нест.
Китоб ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст.
Абдурозиқ Раҷабзода