Дар нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар Душанбе арзиши он 9 дарсад боло рафта, як литри он аз 3,5 ба 3,8 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки аз 1-уми октбяр нархи нерӯи барқ 15 % боло хоҳад рафт.

Таъминкунандагони гази моеъ баланд шудани арзиши онро дар боло рафтани нарх дар Қазоқистон, ки 70 дарсади гази моеъ аз ин кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, рабт додаанд. Гуфта мешавад, ки аз 1-уми июли имсол дар Қазоқистон нархи чаканаи гази моеъ 22 % афзудааст ва аз 82 ба 101 доллар расидаст.

“Барқи Тоҷик” низ эълон кард, ки қимати барқ дар Тоҷикистон аз моҳи октябр 15 дарсад боло хоҳад рафт ва ба 16.85 дирам (беш аз ду сент) барои ҳар як киловатт соат хоҳад расид. Дар ин иттилоия омадааст, ки арзиши барқ дар хонаҳову корхонаҳо боло меравад, аммо ба ҷуз аз корхонаи алюмини ТАЛКО.

Ширкати “Барқи Тоҷик” афзоиши қимати нерӯи барқро барои шаҳрвандон ночиз эълон карда, афзудааст, пеш аз ин дастур шаҳрвандони Тоҷикистон барои як киловатт соат 14.65 дирам маблағ пардохт мекарданд, ки акнун ин маблағ ба 16.85 дирам расидааст, яъне қимати барқ барои як киловатт 2.2 дирам боло рафтааст.

Бинобар таъкиди ин манбаъ, тағйироти нархи барқ ба камбизоатон осебе нахоҳад расонд, зеро ин маблағро давлати Тоҷикистон ҷуброн мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here