«Ютейр» ва «Сомон Эйр», ки парвозҳои мунтазам ба самти Душанбе-Маскав-Душанбе аз ҷониби ин ду ширкат сурат мегиранд, арзиши билети парвозҳоро эълон карданд.
Нахустин парвоз 3-юми апрел, соати 2-и субҳ, аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Ютейр ба самти Душанбе-Маскав ба нақша гирифта шудааст. Ба қавли намояндаи ин ширкат дар Тоҷикистон Ҳусейн Усмонов “ парвозҳои мунтазамро ширкат ҳафтае як маротиба, рӯзи ҷумъа, соати 6-и субҳ, анҷом медиҳад. Нархи минималии билети самти Душанбе-Маскав 3983 сомониро ташкил медиҳад, аз самти Маскав ба Душанбе 1640 сомонӣ муайян гардидааст”.
То ба ҳол билетҳо ба фурӯш набаромадаанд ва касе рӯзи аниқи оғози фурӯшро гуфта наметавонад, аммо мегӯянд рӯзҳои наздик бояд ба фурӯш бароянд.
Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр нахустин парвози худ аз самти Маскав ба Душанберо 6-уми апрел анҷом медиҳад. Ин ширкат низ нархи билетҳоро ба самти Маскав 3983 сомонӣ ва аз Маскав ба самти Душанберо 1640 сомонӣ муайян кардааст.
25-уми март ҷониби Русия эълон кард, ки бо 6 кишвар парвозҳоро аз 1-уми апрел барқарор мекунад, ки дар ин байн Тоҷикистон низ буд.
Бахтиёр Раҳматуллоев