Диёри хушманзари Наҳҷувони Озарбойҷон, яке аз аввалин гаҳвораҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ба шумор рафта, ҳамчун маркази бозаргонию ҳунармандӣ ва илмию фарҳангии Шарқонзамин маъмул аст. Он минтақаест, ки ба олами ҳастӣ бисёр фарзандони барӯмандро тақдим намудаву, шинохти ҳамагон кардааст. Ин диёри кӯҳанзамин “бо масоҳати ҳудудии андак вале таркиби бояш”, тули мавҷудияти худ ба сиёсат ва илму фарҳанги ҷаҳонӣ, шахсиятҳои беназиреро тақдим намуд, ки минтақаро маъруфу машҳур намудаанд.

Ин сарзамини хурд тавонист, ки теъдоди зиёди шахсиятҳои намоён, ходимони давлатӣ ва арбобни барҷастаи илмро тарбия намояд. Миёни чунин фарзандони фарзонаи миллат метавон шахсиятҳои таърихии зиёдеро ном бурд, аз ҷумла  Шамсиддин Элдениз (ҳокими давлати Атабекҳо), Аҷами Наҳҷувони (меъмор), Ҳусайни Ҷовид (нависанда, драматург), Ҷалил Мамедқулизода (нависанда, драматург, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ), Ҷамшеди Наҳҷувонӣ (сарлашкари номии Озарбойҷон), Ҳайдар Алиев (яке аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи ҷаҳонӣ, ходими бузурги сиёсӣ ва давлатдории Озарбойҷон, пешвои умумимиллии халқи Озарбойҷон) ва дигарон.

Бояд гуфт, ки коршиносон пайдоиши калимаи «Наҳҷувон» -ро бо тарзҳои гуногун шарҳ медиҳанд. Тибқи этимологияи халқӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ, «Наҳҷувон» аз калимаи «Нақши-ҷаҳон»гирифта шудааст, ки маънои «нақши олам» ё «Ороиши олам» -ро дорад. Мувофиқи ривояте, ки дар байни мардум паҳн шудааст, вожаи «Наҳҷувон» бо пайғамбари Нӯҳ (а) алоқаманд аст, ки пас аз Тӯфон наҷот ёфтааст. Тибқи ривоят «Нуҳҷувон» макони пайравони Нӯҳ(а), яъне диёри Нӯх(а) мебошад. Тибқи тафсироти дигар, калимаи «Наҳҷувон» аз калимаҳои «Накчуана/Нахҷуон» (яъне, кишвари обҳои мусафо ва мӯъҷизаосои маъданӣ ё обҳои шифобахши маъданӣ) маншаъ мегирад.

Ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон 5,5 ҳазор км2 буда, аҳолиаш зиёда аз 450 ҳазор нафар аст. Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон аз пойтахташ-шаҳри Наҳҷувон ва ҳафт минтақаи маъмурӣ иборат аст. Ҷумҳурии Мухтор дорои 6 шаҳр, 9 шаҳрак ва 206 деҳа мебошад. Он дар ҷанубу шарқи доманакӯҳҳои Моварои Қафқоз ҷойгир аст. Баландии миёнаи сатҳи баҳр 1450 метрро ташкил медиҳад. Аз 11 намуди иқлими мавҷуда, 9-тоаш дар қаламрави ин диёр мушоҳида мешаванд. Қисми зиёди ҳудуди Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон бо қаторкӯҳҳои Зангезур ва Даралаязи Қафқози Кӯҳӣ фаро гирифта шудааст. Қуллаи баландтаринаш Гапиҷик (3904 м) мебошад. Аз се як ҳиссаи ҳудуди онро даштҳои приараз ишғол мекунанд. Дар ин минтақа зиёда аз 200 чашмаҳои минералӣ ва тақрибан 400 дарёҳои хурду бузург мавҷуданд.

Бояд гуфт, ки манбаъҳои таснифшудаи хаттӣ, маводҳои археологӣ дар ҳудуди Наҳҷувон ҷой гирифта, осори машҳури кӯҳи Гамигай ва дигар ёдгориҳои таърихии ин минтақа бори дигар гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки Наҳҷувон тақрибан 5 ҳазор сол дорад. Аз ин беш, мавқеи мусоиди геостратегии Наҳҷувон пеш аз ҳама ба он низ вобаста буд, ки тавассути он муҳимтарини хатҳои корвонгард, аз ҷумла Шоҳроҳи бузурги абрешим мегузашт.  Ин маркази тиҷоратӣ ва ҳунармандии маъруф дар Шарқ, бо заминҳои ҳосилхези минтақаҳои гирду атрофаш, ҳатто қабл аз милод низ таваҷҷӯҳи кишварҳои ҳамсояро ба худ ҷалб намуда буд.

Маҳз аз ин рӯ, тӯли асрҳо Наҳҷувон бо навбат ҷузъи яке аз давлатҳои абарқудрат, аз ҷумла Маннҳои қадим, Мидиён, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ, Атурпатенҳо, Сосониён, Хилофати Араб, Салҷуқиён ва дигар давлатҳо буда, яке аз минтақаҳои пешрафтаи ин кишварҳо ба шумор мерафт. Асрҳои XV—XVI Наҳҷувон ҷузъи давлатҳои феодалии туркии Гарагунлу ва Ағоюнлу буд. Баъдан тули дуюним аср яке аз воҳидҳои маъмурию-ҳудудии давлати Сафавӣ-Озарӣ буд. Дар соли 1747, пас аз фурӯпошии шоҳаншоҳии Нодиршоҳ, Наҳҷувон ба як давлати мустақил табдил ёфта, то соли 1828 дар ҳамин ҳолат қарор дошт, яъне то лаҳзаи забт кардани он аз ҷониби империяи Русия.

Пас аз эълони қудрати Шӯравӣ ва таъсиси ҶСС Озарбойҷон 28 апрели соли 1920 дар Боку ва 28 июл дар Наҳҷувон ва шомил шудани қаламрави минтақаи Зангезури Озарбойҷон ба Арманистон, масъалаи мустақилият (яъне ба минтақаи автономӣ табдил додани ) Наҳҷувон ба миён омад. 29 ноябри соли 1920 қудрати шӯравӣ дар Арманистон эълом шуд ва ҳукумати ҶШС Арманистон бори дигар кӯшиш кард, ки Наҳҷувонро бо зӯрӣ истило намояд. Аммо, 16 марти соли 1921 бошад, дар Маскав шартнома байни Русия ва Туркия ба имзо расид, ки дар асоси он вилояти Наҳҷувон қаламрави автономӣ дар ихтиёри Озарбойҷон ҳисобида шуд, бад-он шарте, ки Озарбойҷон ин васиятро ба ягон кишвари сеюм насупорад. Муқаррароти ин ҳуҷҷат дар созишномае, ки 13 октябри соли 1921 дар шаҳри Карси Туркия аз ҷониби Туркия, Озарбойҷон, Гурҷистон ва Арманистон бо иштироки намояндаи Русияи Шӯравӣ ба имзо расидааст, инъикос ёфтаанд. Тибқи ин созишномаҳои байналмилалӣ, Наҳҷувон қисми ҷудонашавандаи Озарбойҷон эълон карда шуда, ҳудудҳои сарҳадии он муайян карда шуданд.

Моҳи марти соли 1921 Наҳҷувон Ҷумҳурии Советии Сотсиалистӣ эълон карда шуд, аз моҳи июни соли 1923 он минтақаи Наҳҷувон, аз феврали 1924 — Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Наҳҷувон ва аз 17 ноябри соли 1990 Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон ном гирифт.

Охири солҳои 80- ум ва оғози солҳои 90- уми асри XX дар тамоми Озарбойҷон, аз ҷумла дар Наҳҷувон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи он мебошад, ҳамчун давраи душвортарини рӯйдодҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ тавсиф карда мешавад. Сиёсати роҳбарияти Империяи Шӯравӣ бар хилофи манфиатҳои Озарбойҷон, даъвоҳои минтақавии Арманистон ба Наҳҷувон ва ташкили бархӯрдҳои низомӣ дар марзҳо ба ҳаёти Ҷумҳурии Мухтор таъсири ҷиддӣ расонид.

17 ноябри соли 1990 иҷлосияи якуми даъвати 12-уми Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Наҳҷувон таҳти раёсати Ҳайдар Алиев гузаронда шуд. Дар рафти ин иҷлосия қарорҳои бисёр муҳим қабул карда шуданд. Шӯро тасмим гирифт, ки номи Ҷумҳурии Мухтори Советии Сотсиалистии Наҳҷувон ба Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон баргардонда шавад. Инчунин дар рафти иҷлосия қарорҳо дар бораи тағйири номи Шӯрои Олии ҶСС Наҳҷувон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон, барқарор кардани парчами серангаи давлатӣ, рамзи истиқлолияти кишвар ва қабул намудани он ҳамчун парчами давлатии Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон қабул карда шуд.

Мақоми кунунии Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувонро Сарқонуни Ҷумҳурии Озарбойҷон муайян кардааст, ки аз 12 ноябри соли 1995 ҳамчун давлати худмухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки Наҳҷувон дар тамоми давраҳои таърихӣ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Озарбойҷон буда, сарнавишти таърихии худро бо Озарбойҷон паси сар кард ва то имрӯз ҳам арзи ҳастӣ менамояд. Ҷудонамоии Наҳҷувон аз Озарбойҷон дар натиҷаи истилои Арманистон ва муҳосирае, ки тақрибан 30 сол давом дорад, Наҳҷувонро ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ намудааст. Аммо вазъияти тӯлонии муҳосираи шадид натавонист иродаи Наҳҷувониҳоро шикаст диҳад, балки, баръакс, онҳоро беш аз пеш муттаҳид сохтааст.

Бо вуҷуди он ки Ҷумҳурии Мухтори Нахчувон солҳои тӯлонӣ таҳти муҳосира ба сар мебарад, ҳамаҷониба рушд ёфтаву устувор гаштаву, рӯ ба тараққиёт дорад. Инчунин ниятҳои нек барои ҳамкорӣ байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувон дар бахшҳои гуногун мавҷуданд. Ҳамаи ин далели равшани муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи байни кишварҳо ва халқҳои мо мебошанд.

Имрӯз Ҷумҳурии Мухтори Наҳҷувони Озарбойҷон – ганҷинаи бойи таърихист, сарзаминест, ки ба оламиён теъдоди зиёди шахсони барҷаставу сазоворро тақдим намудааст. Онҳо дар сиёсат, илм, меъморию тамаддуни ҷаҳонӣ саҳмгузор буда, барои наслҳои оянда мероси бойеро, ки ба ганҷинаи таърих ва фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шудааст, гузоштаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here