Дар шаҳри Душанбе мусофиркашонӣ бо нақлиёти истеҳсоли то соли 2014 манъ шудааст. Ин тасмим дар асоси фармоиши вазири нақлиёти кишвар ва воридсозии тағйиру иловаҳо ба қоидаҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ гирифта шудааст.

Аз муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»-и шаҳри Душанбе дар суҳбат ба “Фараж” гуфтанд, ки дар ин маврид дастури расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вуҷуд дорад. Дар дастур гуфта шудааст, ки дар шаҳр бояд бо нақлиёти аз рӯзи истеҳсолаш панҷ сол сипаришуда, мусофир кашонида нашавад.

Сардори ниҳоди мазкур Ҷумъахон Давлатов гуфт, тасмим ба хотири аз байн бурдани тамбашавӣ дар роҳҳои шаҳр, таъмин кардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт гирифта шудааст.

— Шаҳр — пойтахти Тоҷикистон, сол — соли рушди сайёҳӣ, мошинҳои замонавии харидаи мақомоти шаҳри Душанбе кор мекунанд. Мошини кӯҳна бояд дар шаҳр мусофиркашонӣ накунад. Тибқи шартнома дар 11 ширкати таксиронӣ дар шаҳри Душанбе 2300 мошин фаъолият дорад. Нафаре, ки мошини шахсии истеҳсоли аз соли 2015 боло дорад, метавонад, ба ширкатҳо аъзо шуда, ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шавад, — гуфт директори МДК “Душанбе нақлиётхадамотрасон” Ҷумъахон Давлатов.

Бино ба маълумот, аз 2300 адад мошине, ки дар ширкатҳои таксиронӣ иҷозати мусофиркашониро дар шаҳри Душанбе доранд, танҳо наздики 1300 мошин истеҳсоли аз соли 2014 боло аст. Таксиронҳо мегӯянд, имконияти харидории мошинҳои навро надоранд ва чӣ кор карданашонро намедонанд.

Ҷамшед ном таксироне, ки бо мошини тамғаи “Тайота Кемрӣ”-яш дар ширкати “33 33” фаъолият дорад, дар суҳбат аз чунин қарор изҳори норизоят кард. Ӯ мегӯяд, мошинаш истеҳсоли соли 2013 аст ва аз мошинҳои тамғаи Хундайи “Солярис”-у “Аксент” ва чанди дигар, ки дар Русия солҳои 2018-2019 истеҳсол шудаанд, қавитару босифаттар ва ҳатто гаронтар аст. Ба гуфтаи Ҷамшед, масъулин бояд ба сифати мошину кишвари истеҳсолкардаи он бештар аҳамият диҳанд, на ба соли он.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here