Тибқи хабарҳои расонаҳои мустақил ходимони Хадамоти амнияти миллии Ӯзбекистон миқдори зиёди маводи мухаддирро боздошт ва мусодира кардаанд. Гуфта мешавад, ки ин мавод мебоист дар шаҳри Тошканд ба мизоҷон фурӯхта мешуд.
Дафтари матбуоти Хадамоти амнияти миллӣ дар ин бора гуфтааст, ки зимни пиёда кардани як амалиёти вижа марзбонони марбути ин ниҳод дар минтақаи Ширинбулоқи ноҳияи Бекобод, воқеъ дар вилояти Тошканд, сокини он А.Ш-ро бо 10 килову 130 грамм афюн ва 19 килову 74 грамм банг боздошт кардаанд.
Маълум шудааст, ки ин миқдори маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба вилояти Тошканд интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи марзбонон онро шаҳрванди ин кишвари ҳамҷавор дар яке аз минтақаҳои марзӣ, ки симхор кашида шудааст, ба ин тарафи марз партофтааст.
Ҳамчунин, бар асари пиёда кардани боз як амалиёти вижа ходимони марзбонӣ дар посгоҳи назоратии корҳои дохилии ноҳияи Бӯстони вилояти Андиҷон мошини сабукраверо, ки дар шоҳроҳи “Андиҷон-Тошканд” ҳаракат мекард, нигоҳ доштаанд. Аз мусофирзани мошин ба номи Ю.С. як покети плостикӣ мусодира шудааст, ки дар он 1 килову 446 грамм банг печонида шуда буд. Ба гуфтаи ин зан покети маводи мухаддирро Азиза ном сокини шаҳраки Қаросӯи вилояти Ӯши Қирғизистон аз роҳҳои пурпечутоб ба дасти ӯ расондааст, то ки онро ба мизоҷони тошкандии ӯ расонад.
Дар ин самт як нафар сокини вилояти Андиҷон бо 978 грамм банг ба даст афтодааст. Ин мавод ба деҳаи Олтинсойи ноҳияи Қурғонтепа аз марзи Қирғизистон интиқол ёфтааст.
Кормандони хадамоти марзбонии Ӯзбекистон зимни дастгир кардани раиси бахши ноҳиявии Иттиҳодияи собиқадорони ҷанги Афғонистон С.Ш. ва шаҳрванд У.А. аз онҳо 971 грам банг мусодира кардаанд. Ин мавод аз деҳаи Суратоши шаҳри Ӯш ба деҳаи Манаки ноҳияи Хоҷаобод интиқол дода шудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти ХАМ-и Ӯзбекистон ҷамъи маводи мухаддири мусодирашуда аз 10 килову 130 грам афюн ва 22 килову 469 грам банг иборат мебошад. Гуфта мешавад, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаҳои ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст ва корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд