Имрӯз бисёре аз муштариёни низоми пардохти «Корти миллӣ» аз фаъол набудани амалиёт дар ин макрказ ва кор накардани банкоматҳо шикоят карданд.

Маркази матбуоти «Амонатбонк» иттилоъ дод, ки Маркази протсессингии низоми пардохти «Корти миллӣ» ба мушкилии техникӣ дучор шудааст ва айни ҳол мутахассисон аз паи бартараф кардани мушкил мебошанд. Гуфта мешавад, кортҳои Visa ва UnionPay фаъол мебошанд. Ба иттилои мутахассисон мушкилоти низоми пардохти «Корти миллӣ» то нимаи дуюми рӯз бартараф хоҳад шуд.

Аз ин Марказ гуфтанд, ки ба ҳар гуна овоза ва воҳима бовар накунед, сабаби муваққатан кор накардани низоми пардохти «Корти миллӣ» корҳои профилактикӣ мебошанд ва ин мушкил дар муддати кутоҳ бартараф мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here