Вобаста ба мушкилоти дастрасии раводиди электронии “E-Visa”, ки сайёҳони хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ шикоят доштанд, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода гуфт, ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо кардааст. Ин нуқтаро ӯ имрӯз зимни нишасти хабарӣ зикр кард.

«Масъала бо ширкатҳои сайёҳӣ ва Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар миён гузошта шуд ва мушкилӣ ҳалли худро пайдо кард»,-гуфт ӯ.

Ба гуфтаи раиси кумита, айни ҳол гуруҳи махсуси корӣ ташкил шудааст ва барои боз ҳам осон гардонидани дастрасии раводиди сайёҳон фаъолият мекунад.

— Ба ин гуруҳи корӣ намояндагони ассотсиатсияҳо ва Кумитаи рушди сайёҳӣ шомиланд ва итминон дорам, аз ҷониби гуруҳи мазкур пешниҳодоти муфид барои боз ҳам осон сохтани дастрасии раводид таҳия карда мешавад,-гуфт ӯ.

Ҳамзамон, Абдуғаффорзода зикр кард, ки сайёҳон барои ба минтақаи Бадахшон рафтан, дигар зарурати иҷозатнома гирифтанро надоранд, чун дар раводид иҷозатнома низ дода мешавад.

“Гирифтани иҷозатнома барои минтақаи Бадахшон дигар мушкилӣ нест ва кишварҳое, ки тариқи электронӣ раводид мегиранд, дар ҳамон раводид аллакай иҷозат ба Бадахшон дода мешавад. Кишварҳое, ки бе раводид аст, тавассути хадамоти шиносномадиҳии ВКД иҷозат мегиранд. Қаблан ҳамин гуна пешниҳодҳо буданд, вале айни замон аллакай аз байн рафтааст”,-илова намуд ӯ.

 

 

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here