Дар Бемористони марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз моҳи апрел то имрӯз 100 нафар гирифтори бемории сироятии илтиҳоби шуш ва коронавирус бистарӣ шуда буданд, ки аз ин шумора 87 нафар шифо ёфта ба хонаҳояшон рухсат шуданд.

Сардухтури Бемористони марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҳасан Розиқов гуфт, ки  ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19  дар ин беморхона 241 кат барои беморон омода карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аз охири моҳи апрел, ки дар кишвар ин беморӣ ба қайд гирифта шуд,  дар  Бемористони марказии ноҳия  100 нафар гирифтори бемориҳои сироятии илтиҳоби шуш ва коронавирус бистарӣ карда шуда буданд, ки 87 нафари онҳо пас аз шифо ёфтан аз беморхона мураххас шуда, 7 нафар фавтидаанд.

— Айни  замон 6 нафар гирифтори бемороии илтиҳоби шуш ва коронавирус таҳти назорати табибон қарор доранд, ки вазъи ду нафар вазнин мебошад, — зикр кард сардухтур.

Номбурда ҳамчунин илова кард, ки ҳоло 18 нафари дигар дар хонаҳояшон дар қарантин мебошанд, ки ҳамаи онҳо зери назорати ҳамарӯзаи  табибон қарор доранд ва ҳолаташон хуб аст.

Дар беморхона тамоми шароит барои беморону табибон муҳаё карда шудааст.  Ҳасан Розиқов гуфт, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соҳибкорони хайрхоҳи ноҳияи барои табибону беморон маводҳои озуқаворӣ, либосу ниқоб ва дигар маводи муҳофизатӣ дастрас карда шуд, ки ин боиси руҳбланд шудани табибони ноҳия ва беморон гардидаст.

— Ҳамчунин, аз номи роҳбари давлат ду дасгоҳи нафас ба беморхона  кӯмак карда шуд, — илова кард ӯ.

— Муроҷиати аз ҷониби  сокинон бо нишонаҳои  бемориҳои  илтиҳоби шуш ё  COVID-19  ба беморхона дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пурра коҳиш ёфтааст, — гуфт Ҳасан Розиқов.

Аз ҷониби кормандони шуъбаи уфунатзудоӣ дар ноҳия ва хадамоти оташнишонӣ баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ тамоми кучаву маҳалаҳо, хонаҳои истқоматии сокинон ва ташкилоту идораҳо пурра безаррар гардонида шуда, айни замон чунин корҳо бо маром идома доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here