Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ аз вазифаааш озод карда шуд. Дар ин бора дар сайти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, “Ализода Самариддин аз вазифаи муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад”.

Сабаби аз вазифа сабукдуш кардани Ализода гуфта нашудааст. Дар дигар вазифа фаъолияти худро идома медиҳад, ё не, ин низ номаълум аст.

Самариддин Ализода дар ҳоле вирди забонҳо шуд, ки навори суханронии ӯ дар нишаст оид ба воксини «AstraZeneca», дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид ва боиси сарусадоҳои зиёд гашт. Ҳолдонҳо яке аз сабабҳои аз вазифа сабукдуш шудани ӯро дар ҳамин медонанд.

Дар наворе, ки дар шабакаои иҷтимоӣ нашр шуд, муовини вазир дуруст ҳарф зада наметавонад ва ҳангоми муаррифии ҳамроҳони худ мушкил мекашад. Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Виктор Олшанскийро ба рузноманигорон шинос мекунад, аммо номи намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хотир овардан наметавонад. Дар охир аз тарҷумони намоянда хоҳиш мекунад, то тарҷумон номи намояндаро барои рузноманигорон бигӯяд.

Дар давоми нишаст ба суоли он, ки барои як нафар чӣ миқдор вояи воксин муайян шудааст, Ализода чунин посух гардонд: “ Для одного человека вводиться дута ду доза”.

Бахтиёр Раҳматуллоев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here