Дар ноҳияи Муъминобод бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва азнавсозии 221 иншооти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.

Ба иттилои расида аз мақомотӣ маҳалии ин ноҳия, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар  сохтмон ва азнавсозии 19 муассисаи таълимӣ, 13 кӯдакистон, 21

майдончаи варзишӣ, 9 толори варзишӣ, 8 майдончаи бозии кӯдакону наврасон, 5 маркази савдо, 22 бунгоҳи тиббӣ, 2 маркази тиббӣ, 3 дорухона, 23 нуқтаи хатнакунии кӯдакон, 1 меҳмонхона, 18 сартарошхона, 5 кошонаи ҳусн, 23 ҳаммом, 3 корхонаи коркарди шир, 4 китобхона, 1 боғи фарҳангӣ, 5 таввалудхона, 13 дукони дузандагӣ, 1 дукони қолибофӣ, 1 коргоҳи истеҳсоли либосҳои мактабӣ, 1 дукони ҳунарҳои мардумӣ, 2 корхонаи коркарди қуму шағал, сохтмони биноҳои прокуратура, бойгонӣ, таъмири роҳҳо ва дигар иншоотҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Гуфта шуд, ки феълан, дар 22 иншооти сохташванда корҳо дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин, қайд гардид, ки азнавбарқароркунии заводи хишт, бунёди заводи консервабарорӣ, бунёди иншооти сайёҳиву табобатӣ ва осоишгоҳи ҷумҳуриявии табобати дил низ ба нақша гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here