22-юми май раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулазиз ибни Муҳаммад-ал-Бодӣ ва вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Словакия ҷаноби Мирослав Лайчак мулоқот кард.

Убайдуллоев Муҳаммад Ал-Бодиро ба ҳузур пазируфта, изҳор намуд, ки дар марҳилаи кунунӣ тақозо менамояд, ки беш аз пеш ҷиҳати такмил, тавсеа ва тақвият бахшидани робитаҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ, фарҳангию байнипарламентӣ баҳри комилан татбиқи ташаббусҳою ҳадафҳои созандаи роҳбарони ҳарду давлатҳо чораҳои муассирро роҳандозӣ намоем.

Абдулазиз ибни Муҳаммад Ал-Бодӣ аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос  ва зикр намуд, ки барои такмилу таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш дар ҳама самтҳо тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад.

Дар ҷараёни мулоқот Мирослав Лайчак раиси МММО Маҳмадсаид Убайдуллоев ташрифи меҳмони воломақомро ба мамлакат фоли нек маънидод карда, изҳор дошт, ки феълан робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба захираю имкониятҳои ҷойдошта байни кишварҳоямон бозбинии комилро тақозо менамоянд.

Мирослав Лайчак дар навбати худ аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос карда, афзуд, ки ҳамчун Раиси амалкунандаи Созмони амният ва хамкорӣ дар Аврупо барои ҳамкории боз ҳам судманд омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои муаррифишуда тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here