20 ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсонро  бо хоҳиши ӯ  ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ёвари раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо ВАО Наврӯз Қурбонзода хабар дод.

Зимни мулоқот нахуст Сафири навтаъинро ба муносибати супоридани эътимоднома ба президенти Тоҷикистон самимона шодбош гуфта, фаъолияти ӯро баҳри тавсеа, тақвият, таҳким ва рушди робитаҳои судманд дар татбиқи барномаҳои муштараки байнидавлатию байнипарламентӣ дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд.

Қайд карда шуд, ки Иттиҳоди Аврупо аз шарикони муҳим аст ва ҷониби Тоҷикистон маҷмуъан оид ба рушди ҳамкориҳои дарозмуддати доимии дуҷонибаю минтақавии иқтисодию иҷтимоӣ ва густариши робитаҳо дар доираи Кумита оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ манфиатдор ва назари нек дорад.

Тоҷикисто барои идомаи  барномаи нави бисёрсолаи Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2020 оғоз меёбад, ҳамраъй буда, умедвораст, ки он бахшҳои муҳими иқтисоди кишвари моро низ фаро хоҳад гирифт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни мулоқот саҳми дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳониро дар таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб, амсоли терроризми байналмилалӣ, ҷинояткории муташакилона, гардиши ғайриқонунӣ ва қочоқи маводи мухаддирро мавриди баррасӣ қарор дода, изҳор намуд, ки бо инобати  дар сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷойгир будани кишвари мо, масъалаи тақвияти пайвастаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароитҳои моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои инноватсионию муосири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо амри воқеӣ мебошад. 

Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Мэрилин Йосефсон аз пазироии самимӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки барои ҳамкории боз ҳам судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон омода буда, талош меварзад бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш баҳри тақвияти бештари ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои муаррифишуда тадбирҳои мушаххасро анҷом диҳад.

Ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва парлумони Аврупо моҳи октябри соли 2003 оғоз ёфта, то имрӯз муколамаҳои мутақобила мунтазам роҳандозӣ гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here