“Муҷассамаи Сомонӣ ин ҳайкали Исмоили Сомонӣ нест, балки тандиси фарҳанги бузурги халқи тоҷик аст, ки дар чеҳраи Сомонӣ таҷассум мешавад”- гуфта буд устод Лоиқ Шералӣ дар барномаи телевизионии “Сӯҳбати мардона”.  Аммо намои имрӯзаи муҷассама то куҷо  нақши рӯнамоии фарҳанги тоҷикро адо карда метавонад?

5 санги пояи муҷассама канда шудааст, ранги пайкара то ҷое хиратоб, сафолакҳои майдон рахна гардидааст, ки ба таъмир ниёз доранд.

Дар робита ба мавҷуд будани ягон лоиҳаи таҳррезии таъмири муҷассама ба сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе муроҷиат кардем.  Муовини сардор – мудири шӯъбаи меъморони ноҳияҳои маъмурӣ Шодимурод  Аловаддинов гуфт, ки қарор ҳаст, ки гранитҳои (сангҳои қимматбаҳо) нав ба пояи муҷассама насб шаванд ва деталҳои махсуси он аз нав зарҳалкорӣ гарданд.

Маълум нест, ки ин кор кай роҳандозӣ мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here