Ҷасади пӯсидаи шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон Пирумшоев Салоҳиддин Сайфуддиновичро, ки аз моҳи сентябри соли гузашта дар Русия бе ному нишон ғайб задааст, пас аз 5 моҳ, аз зери хок, дар ҷангал пайдо кардаанд.

Шиносоии ҷасади Пирумшоев пас аз он даст додааст, ки дар ҷайбаш бо ному насаби мақтул шиносномаи тоҷикӣ пайдо гардидааст. Дар ин бора нашрияи маҳалии “Фонтанка” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷасад дар наздикии истгоҳи метрои “Шушарӣ”, дар ҷангали тақрибан 200 метр дуртар аз бинои №113, кӯчаи Софийская, дар ҳоле пайдо карда шудааст, ки шоми 25-уми феврал полиси шаҳри Санк-Петербург писари тағои марҳум Салоҳиддин Пирумшоев – Шерназар Назаровро бо гумони даст доштан дар куштор боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, марҳум Салоҳиддин Пирумшоев дар тарабхонаи «Марчелис», дар фурӯшгоҳи «Московский», дар хиёбони Маскави ноҳияи Маскави шаҳри Санкт-Петербурги Русия ба ҳайси ошпаз кор мекардааст.

Ба фарзияи тафтишот, гумонбаршуда Шерназар Назаров “шаби 23-юми сентябри соли 2019, соатҳои қариб 12-и шаб, писари аммаашро дар наздикии истгоҳи метрои «Шушарӣ» бо бел зада кушта, барои пӯшонидани изи ҷиноят ҷасади ӯро дар ҷангал зери хок кардааст”.

Дар бораи гум шудани Салоҳиддин Пирумшоев падараш ду рӯз баъд аз ғайб задани вай ба мақомот хабар додааст, вале пас аз он ки ҷустуҷӯҳо натиҷае надодаанд, полиси Санк-Петербург рӯзи 12-уми ноябри соли гузашта бо моддаи “Куштор” парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Феълан тафтишоти қазия идома дорад ва полис сабабҳои ба қатли хешованди наздикаш даст задани Шерназар Назаровро муайян мекунад.

Дар акс Салоҳиддин Пирумшоев, акс аз «Лиза Алерт»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here