Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошти муфаттиши шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабар дод.

Муфаттиши ШВКД-2 дар дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафаров Рамзиддин Латифович барои бо маводи санҷишии дар пешбурдаш қарордошта қабул накардани қарор аз гумонбар пора талаб кардааст. Ин муфаттиш барои рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне ташкили фоҳишахона, алайҳи шаҳрванд «А», аз ӯ 1000 доллар талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Сафаров Рамзиддин Латифович дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе, ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани 1000 доллари ИМА, дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шудаанд.

Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида, нисбати Сафаров Рамзиддин Латифович бо моддаи 319, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here