Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович аз 17.04.2000 то 02.01.2014 сол дар вазифаи мудири Филиали №76 БДА «Амонатбонк» дар ноҳияи Рашт кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколати мансабӣ бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр «камар бастааст». Дар ин бора аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар доданд.

Мудир ба номи писараш Мирзоев Масъудҷон Умаралиевич, ки дар вазифаи иқтисодчии дараҷаи якуми шуъбаи қарзии Филиали мазкур фаъолият мекард, бо роҳи пешниҳод намудани маълумоти таҳрифшуда вобаста ба фаъолияти соҳибкорӣ шартномаи қарзӣ аз 24 апрели соли 2013 ба маблағи 2.000.000 (ду милион) сомонӣ ба муҳлати 3 сол бо 18% солона тартиб дода, дар асоси ордери хароҷоти хазинавии берақам аз 29 апрели соли 2013 маблағи 2.000.000 сомониро аз хазинаи Филиали мазкур аз худ карда, бо ин амали худ ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст.

Нисбати Мирзоев Умаралӣ Мирзошарипович бо моддаи 245, қисми 4, банди «б» ва 340, қисми 2, бандхои «б,в»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here