Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори кишварамон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷиҳати назорати бехатарии ғизо ва танзими нархи наво дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ» баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи мазкур, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон Холиқзода Ҳоким – узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии Маҷлиси намояндагон баромад намуда, изҳор намуд, ки банақшагирии ин масъала пеш аз ҳама барои амали намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида буд, равона шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин замина Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи 4 мақомоти давлатӣ: Хадамоти назорати давлатии бойторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ ва Бозрасии назорати давлатии тухмии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Холиқзода Ҳоким ҳамчунин иброз намуд, ки мақомоти бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Дар бораи зотпарварӣ», «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи тухмӣ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», инчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017, «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ намуда истодааст.
Пешравии ин ё он соҳа аз маблағгузорӣ вобастагии калон дорад. Новобаста аз мавҷуд будани маблағҳои худии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти санитариву фитосанитарӣ, стандартизатсия, сертификатсия ва назорати байторӣ ҳамасола аз буҷети давлатӣ маблағҳои муайян барои пешравии фаъолияти ин соҳаҳо равона карда мешаванд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ бо мақсади бехатарии маҳсулоти чорво ва эмин нигоҳ доштани он ба 8 номгӯи касалиҳои сироятшаванда, аз ҷумла вабои сумдарди чорво, сӯхтанӣ, бруселлёз, сил, тоуни чорвои майдаи шохдор, гули гусфандон ва буз, ҳорӣ ва тоуни паранда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, тасдиқ шудааст, маблағи 11,5 млн сомонӣ равона гардида, дар соли 2018 барои ин мақсад 2,5 млн сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар ҷумҳурӣ 23 маркази ташхиси бойторӣ ҳамчун мақоми назоратӣ фаъолият менамоянд, ки дар бозорҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати безараргардонии маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буда, барои нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 маблағи 19,9 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Инчунин, барои пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории зараровар дар сарҳади давлатӣ 25 нуқтаи назоратӣ ташкил карда шуда, барои нигаҳдории онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 маблағи 6,6 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Вакили мардумӣ Холиқзода Ҳоким афзуд, ки дар системаи Хадамоти назорати давлатии байторӣ (айни ҳол Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳамчун мақоми ваколатдор назорати фаъолияти дуконҳои фурӯши маҳсулоти шир, гӯшт ва тухми мурғро ба пеш бурда, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар 5 соли охир барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти онҳо 3,6 млн. сомонӣ равона гардидааст.
Ба хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ (айни ҳол Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки бевосита ҳамчун сохтори назоратӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хурокворӣ мебошад, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар солҳои 2013-2017 маблағи 16,3 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар буҷети соли 2018 барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии ғизои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи 222,8 ҳазор сомонӣ, инчунин барои корҳои илмии муассисаи мазкур 161,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.
Ҳозирини гиромӣ аз ҷониби Палатаи ҳисобӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақсаднок истифода бурдани маблағҳои дар ин самт ҷудо гардида ва рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» дар Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳогузаронида шудааст.
Аз рӯи масъалаи мазкур дар назди ҳозирин ҳамчунин раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод, Сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзализода Назаралӣ, Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Қудрат, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъди, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайҷон бо ахборот ва гузориши муфассал баромад намуданд.
Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули соҳаҳои гуногуни вазоратҳои кишварамон саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид. Ҳамчунин, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома тавсияҳои парлумонӣ ва қарори дахлдор қабул карда шуд.