Муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик аз оғози соли 2019 аз ҳаққи ронандагии таксӣ ва васоили нақлиёти умумӣ дар қаламрави вилояти Челябинск, дар минтақаи умдатан саноатии Русия маҳрум мешаванд. Дар ин бора parstodayдар такя ба гузориши вебгохи Эхо-Маскав хабар дод.

Гуфта мешавад, ки раиси вилояти Челябинск Борис Дубровский бо имзои фармоне ронандагии коргарони муҳоҷири хориҷиро дар қаламрави ин минтақа аз аввали январи соли 2019 мамнуъ кардааст.

Дар ин фармон таъкид шудааст, ки ронандагони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳатто дар сурати доштани муҷаввизи расмии кор ва иқомат дар Русия аз аввали январи соли 2019 аз ҳаққи фаъолият дар бахши ҳамлунақли умумӣ ва масирҳои байнишаҳрӣ маҳрум мегарданд.

Масъулони созмонҳои коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар вилояти Челябинск аз ин иқдом ибрози нигаронӣ мекунанд ва онро муҷиби аз кор маҳрум шудани ҳазорон тоҷик медонанд, ки дар ин минтақа ҳамчун ронандаи таксӣ фаъолият мекунанд.

Қаблан раиси вилояти Новосибирск низ фармони мушобеҳеро имзо карда буд.

Аз сӯйи дигар, мудофеи ҳуқуқи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия Валентина Чупик гуфтааст, ки фармони раиси вилояти Челябинск бар хилофи қонунҳои ин кишвар ва табъизи ошкор алайҳи ронандагони хориҷӣ аст. Аз ин рӯ, алайҳи ин фармон ба Суди конуститутсионии Русия шикоят хоҳад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here