Ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар семоҳаи дуюми соли равон аз нишондиҳандаҳои Қозоқистон зиёдтар буда, аммо аз Ӯзбакистон ва Қирғизистон камтар мебошад.
Бино ба иттилои Бонки марказии Русия дар ин давра ҳаҷми интиқоли маблағҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 672 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ӯзбакистон дар мукоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар робита ба интиқоли пулӣ аз Русия бо маблағи як миллиард доллар дар ҷойи аввал аст. Дар ин давра дар ҳаҷми 681 миллион доллар ба Қирғизистон, ба Тоҷикистон 672 миллион доллар, Қазоқистон 205 миллион доллар, инчунин ба Туркманистон 100 ҳазор доллари ИМА интиқол дода шудааст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, ҳаҷми интиқолҳо дар ҳамаи давлатҳо, ба ғайр аз Туркманистон, афзудааст. Ҳамин тариқ, дар семоҳаи соли 2018-ум 868 млн доллари ИМА аз Русия ба Ӯзбакистон интиқол дода шудааст. Ин нишондиҳанда ба Тоҷикистон 574 млн.доллар, Қирғизистон 191 млн.доллар, Туркманистон 100 ҳазор долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти Бонки маркази Русия дар семоҳаи дуюми имсол 382 млн. доллари ИМА аз Қазоқистон ба Русия интиқол дода шудааст. Аз давлатҳои Қирғизистон 107 млн. Доллар, Ӯзбакистон 95 млн. Доллар ва Тоҷикистон 38 млн. Доллар, инчунин, Туркманистон 9 млн. доллари ИМА интиқол шудааст.
Соли 2017, ҳаҷми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон ба 2 млрду 536 млн. долларро ташкил медод.