Бар асари расиши ноқилҳо як мошини тамғаи “Опел” дар мошинбозор оташ гирифт. Ҳодиса нимаи дуюми рӯзи якшанбеи 12-уми июл, соати 17:45, дар мошинбозори бузургтарини кишвар, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар минтақаи “Фахробод”, рух дод.
Соҳиби мошин то омадани масъулин, бо ёрии дигар мошинфурӯшони бозори мазкур, алангаи оташро хомӯш кард.
Оташ гирифтани сабукрави “Опел” замоне рух дод, ки қисмати бештари мошинфурӯшон бозорро тарк карда буданд. Ҷавони соҳиби мошин дар пурсиш ба суоли масъулини бозор, ки “чаро мошин оташ гирифт?”, гуфтааст, ки намедонад, чӣ шуд. “Мошин дар ҷояш истода буд. Оташ аз зери фармон аланга гирифт”, — гуфтааст ӯ.
Айни ҳол маълум нест, ки соҳиби мошин чӣ қадар хисорот дидааст. Масъулини бозор қазияро таҳқиқ мекунанд.