Сафири нави давлати Фаронса Мишел Тарран, пас аз супурдани эътимоднома ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз, 25-уми феврал дар меҳмонхонаи “Серена” бо рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Ҷаноби Тарран моҳи октябри соли гузашта, пас ба анҷом расидани муҳлати сафирии хонум Ясмин Гуэдар, ба ҳайси сафир ба Душанбе омада буд.
Мишел Тарран, ҳамчун донандаи хуби забони русӣ, ҳарчанд бо забони тоҷикӣ худро муаррифӣ намуд, аммо эътироф кард, ки тоҷикиро намедонад. Ӯ ба рӯзноманигорон ваъда дод, ки баъд аз 3- 4 моҳ ҳатман бо забони тоҷикӣ озодона суҳбат хоҳад кард.
Сафири нави давлати Фаронса гуфт, то таъйин гардиданаш ба симмати сафир дар Тоҷикистон тӯли чор сол дар вазорати корҳои хориҷии Фаронса ҳамчун масъули бахши муносибат ва ҳамкорӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ фаъолият доштааст.
— Ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Фаронса моро қаноатманд намекунанд. Ин нуқта зимни суҳбати рӯ ба рӯ, моҳи ноябри соли 2019, миёни президентҳои Тоҷикистону Фаронса матраҳ гардида буд. Тарафҳо аз вохӯрӣ изҳори хушҳолӣ карданд ва президенти Фаронса ҷаноби Эмануэл Макрон пешниҳод кард, барои тавсеа ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҳарду давлат бояд харитаи роҳ таҳия карда шавад, аммо мутаассифона, вазъи ҳамагирии бемории коронавирус нақшаҳоро ба таъхир гузошт. Аммо ҳоло вазъият беҳтар гардид ва гуфта метавонам, ки мо бо ҳамкасбон аз вазорати корҳои хориҷӣ дар Париж ва вазорати корҳои хориҷӣ дар Душанбе, ҳамчунин сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Париж, кор карда истодаем. Фикр мекунам, ба наздикӣ масъалаи таҳияи харитаи роҳ барои рушди муносибатҳои иқтисодии давлатҳо баррасӣ карда мешавад,-гуфт сафири Фаронса дар Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран.
Сафир ҳамчунин гуфт, ӯ сафири шашуми Фаронса дар Тоҷикистон аст ва соли оянда аз муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Фаронса 30 сол пур мешавад. “Шукри Худо, тӯли ин муддат муносибатҳои хеле хубу дӯстона ба роҳ монда шуд”, — гуфт сафир.
Мишел Тарран, ҳамчунин, дар бораи муносибатҳои сиёсии Тоҷикистону Фаронса суҳбат карда, масъалаи ҳамкориҳоро барои рушди сайёҳии ҳарду давлат дар мадди аввал гузошт.
“Бояд шаҳрвандони Фаронса ба Тоҷикистон биёянд, аз зебоиҳои табиати биҳиштосояш ҳаловат баранд ва баръакс, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам дар бораи мавзеъҳои таърихии Фаронса бояд таассуроти бештар дошта бошанд”, афзуд Мишел Тарран.