Президент Мирзиёев зимни суханронӣ дар иҷлосияи ташкилии Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон гуфт, ки дар ихтиёри депутатҳо панҷ соли дурудароз ҳаст ва ин имконият бояд ба таври фаровон истифода шавад.
— Шумо бояд ба худ эътимод дошта бошед, на мисли он ки мегӯянд: депутатҳо танҳо даст боло мекунанд. Як замон барои аз байн рафтани Ӯзбекистон талошҳои зиёд ба харҷ дода мешуд, аммо дар он давраҳои пурошӯб мо тавонистем, ки таҳти сарварии Президенти нахустин Ислом Каримов ин бӯҳронро пушти сар кунем ва Ӯзбекистонро аз балоҳо нигоҳ дорем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ба гуфтаи ӯ интихоботи Ӯзбекистонро бори нахуст нозирони зиёди хориҷиву дохилӣ назорат карданд. Баробарии гендерӣ низ дар ин ҷо дида мешавад, зеро 48 нафар депутати парлумон аз зумраи занҳо интихоб шудаанд. Дар байни депутатҳои парлумон 39 нафар дубора ба ин мақом интихоб гардиданд. Аз нав интихоб шудани онҳо боварии мардум нисбати ин депутатҳоро нишон медиҳад.
— Бовар дорам, ки шумо ба ин парлумон рӯҳияи нав медиҳед. Чунки таклифу дархостҳои мардум ҳангоми таблиғоти пешазинтихоботӣ аз он далолат медоданд, ки мардум низ тағйир ёфтаанд ва барои ҳалли мушкилоташон бо шумо муроҷиат кардаанд. Акнун дар назди аҳзоби сиёсӣ иҷрои корҳои зиёд меистанд. Номзадҳо дар маъракаҳои пешазинтихоботӣ ваъдаҳои зиёд доданд. Агар депутат ҳар моҳ як дархости интихобкунандаро иҷро кунад, дар ду сол бисту чаҳор дархости онҳо иҷро мегардад ва депутат дар назди виҷдони худ азоб намекашад, — иброз дошт Президенти Ӯзбекистон.
Вай тазаккур дод, ки дар баъзе ҳавзаҳои овоздиҳӣ теъдоди ками интихобкунандагон ба назди қутиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд. Ин ҳол тақозо менамояд, ки аҳзоби сиёсӣ дар байни мардум ҷойгоҳи худро пайдо кунанд.
— Нозирони байналмилалӣ ва дохилӣ чанд тавсияҳои худро ироа карданд. Мо набояд нисбати ин тавсияҳо бетафовут бошем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Сарвари давлати Ӯзбекистон ба журналистони хориҷӣ ва дохилӣ барои ширкати фаъолашон дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллӣ ибрози сипосгузорӣ кард. Шавкат Мирзиёев гуфт, ки журналистон бо саволҳои ҷиддӣ ба роҳбарони аҳзоби сиёсӣ муроҷиат карданд ва намоиш доданд, ки хеле пеш рафтаанд, омӯхтаанд. «Барои чунин саволҳояшон журналистон ба баъзе роҳбарони мо намефоранд, — гуфт Шавкат Мирзиёев ва илова кард, ки аммо чунин журналистон барои вай хеле хушоянданд.
— Баъзан одамон бо саволҳо ба ман муроҷиат мекунанд, ки оё Ӯзбекистон ба панҷ ҳизби сиёсӣ зарурат дорад, ё на, аммо ҷавоби ин савол сода нест. Бояд бар асоси рақобат ҳизбҳо пеш раванд ва мавқеи худро мустаҳкам кунанд. Шумо депутатҳои Ӯзбекистони нав ҳастед. Агар қонунҳои мустаҳкам мавҷуд набошанд, сармоягузорон ба кишвари мо намеоянд. Парлумон бояд битавонад, ки сармоягузоронро ҳимоя кунад, — гуфт Президент Шавкат Мирзиёев.
Бино ба гуфтаи ӯ депутатҳо ҳанӯз эҳсос нанамудаанд, ки дар чи гуна давраи таърихӣ депутат интихоб шудаанд. Рафтору гуфтору кирдори депутат бояд тағйир ёбад. Агар ӯ аз илму фарҳангу дониш ва маҳорат низ бархурдор бошад, манфати бештар меорад.
— Ягон депутат ҳақ надорад, ки ба ном ин курсиро ишғол кунад. Он давраҳо гузаштанд, ки депутатҳо нисбати ҳодисаву воқеаҳо бетафовут бошанд. Замонаҳоеро медонам, ки ҳар кӣ хомӯш менишаст, ба вазифаҳои гуногун соҳиб мешуд, аммо он давратҳо гузаштаанд ва депутатҳо бояд ташаббускор бошанд. Аз вазифа сабукдӯш кардани онҳоеро пешниҳод карда тавонанд, ки мақомҳои калони давлатиро ишғол мекунанд, вале вазифаашонро дуруст анҷом намедиҳанд, — зикр кард Шавкат Мирзиёев.
Вай таъкид кард, ки агар қонунҳои таҳияшуда манфиатҳои халқро ҳимоя накунанд, халқ ин қонунҳоро намепазирад. Шавкат Мирзиёев ба масъалаи мухолифат таваҷҷӯҳи депутатҳоро ҷалб намуд:
— Барои ман мухолифати беруна қобили қабул нест. Мухолифат бояд дар вориди кишвар ба вуҷуд ояд ва сабзида расад.
Вай афзуд, ки 13 ҳазор нафар кадри тиббӣ намерасанд. Одамон аз кори ин соҳа низ чандон розӣ нестанд. Кадрҳое, ки донишгоҳҳои тиббӣ тарбия менамоянд, ормонҳои имрӯзаи мардумро комилан бароварда намесозанд. Агар депутатҳо ҳадди ақал ривоҷи як соҳаро таъмин кунанд, номашон дар таърих сабт хоҳад шуд.
— Ибрози умедворӣ мекунам, ки дар татбиқи ислоҳоти доманфарох ҳамеша мусоидат мекунед, — гуфт дар поёни суханронӣ Президент Шавкат Мирзиёев.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд