Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6-уми январ дар назди вакилони кингоши вилояти Тошканд гуфтааст, ки кишвараш муносибатҳои дӯстонаро бо Тоҷикистон ба роҳ хоҳад монд, «зеро ҳеч кас ҳамсояи бадро дар рӯзи қиёмат намебахшад». Дар ин бора шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон хабар додаанд.

Президент арз кардааст, барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон, ки дар рафти он чандин ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо хоҳанд расид, омодагӣ мебинад. Вай гуфтаст, ки барои омодагии сафари ӯ ба Тоҷикистон сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов рӯзҳои наздик ба Душанбе меравад.

«Мо чандин шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонем, роҳи оҳан мекушоем, хатти ягонаи барқро барқарор мекунем ва масъалаҳои зиёди дигарро баррасӣ хоҳем кард» — гуфтааст Мирзиёев.

Президенти Ӯзбекистон гуфтааст, ки кишвараш муносибатро бо ҳамсояҳо беҳ мекунад, «аммо об кардани яхи 20-сола кори осон нест». 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here