Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 3 ҳазор километр роҳҳои бесоҳиб мавҷуданд, ки онҳо дар тавозун ҳеҷ ниҳоде нестанд. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии муовини сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар Набиҷон Ёқубов иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки  роҳҳои бесоҳиб аз ҳисоби колхозу совхозҳои собиқ пайдо шудаанд.

— То имрӯз роҳҳои бесоҳибро касе таъмир намекард, ҳоло мо бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ ният дорем чунин роҳҳоро, ки ҳоли хароб доранд, таъмир кунем, — илова кард Ёқубов.

Роҳбари ин идора гуфт, ки дар соли гузашта ду ноҳия — Панҷ ва Вахш барои таъмири роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ҳатто як сомонӣ маблағ ҷудо накарданд, ду ноҳияи дигар — Кӯшониён 3 ҳазор сомонӣ ва Ҷомӣ 7 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ҷудо кардаанд, ки бо ин маблағ ҳеҷ кори чашмрасе анҷом донан намешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here