Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қарзи истифодаи неруи барқ ба 269 миллион сомонӣ расидаст, ки масъулони ҶСШК “Барқи ҷануб”  дар минтақаи Бохтар ин қарзҳоро аз солҳои пеш гуфтанд.

Раҷабалӣ Бояков, як масъули ин ҷамъият, гуфт, ки аз ин қарз 116  миллион сомониаш аз хоҷагиҳои пахтакор, 69 миллион сомониаш аз аҳолӣ, 40 миллион сомонӣ аз хоҷагии оби минтақа,  8 миллиону 877 ҳазор сомонӣ аз корхонаҳои саноатӣ ва 4 миллион сомонии дигараш аз  хоҷагиҳои комуналӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон 62 ҳазор хати интиқоли барқ дар минтақаи Бохтар ба таъмир ниёз доранд, ки сол то сол онҳо нав карда хоҳанд шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here