Суди вилояти Хатлон 6-уми феврал ба баррасии парвандаи ҷиноӣ вобаста ба марги сокини 50-солаи ноҳияи Шаҳритус Толибҷон Дӯстов, ки баъди боздошташ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ вафот карда буд, шурӯъ кардааст.
Вобаста ин қазия дар курсии айбдорӣ лейтинанти калони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев нишастааст, ки нисбаташ бо моддаи 316, қисми 3, банди “а”-и КҶ ҶТ айб эълон карда шудааст.
Баъди шуруъ шудани аввалин мурофиаи судӣ Далер Қурбонов, намояндаи қонунии ҷабрдида Зарина Сафарова — ҳамсари марҳум Толибҷон Дӯстов, аз раискунандаи мурофиа Фахриддин Додоматзода дархост кард, ки барои шиносоӣ бо парвандаи ҷиноӣ иҷозат диҳад ва то давраи шиносои онҳо бо парванда танафус эълон карда шавад. Раискунандаи мурофиа дархостро қисман пазируфта, ба ҳимоятгар Далер Қурбонов ҳамагӣ ду рӯз вақт барои шиносоӣ дода, мурофиаи судиро то рӯзи 8-уми феврал мавқуф гузошт.
Бояд ёдовар шуд, ки охирҳои моҳи декабри соли 2017 Прокуратураи генералии Чумҳурии Тоҷикистон нисбати корманди ШКВД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316, қисми 3, банди “а”-и КҶ ҶТ айб эълон карда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ парвандаро барои моҳиятан дида баромадан ба суди вилояти Хатлон фиристод. Гуфтан ба мавридаст, ки 26 июли соли 2017 кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Толибҷон Дӯстовро дар яке аз тарабхонаҳои ноҳияи Шаҳритус ба гумони даст доштан ба гардиши маводи мухадир дастгир мекунанд, ки баъди дастгир шуданаш Дӯстов ҷони худро аз даст медиҳад. Наздикони Толибҷон Дӯстов даъво доранд, ки ӯ дар натиҷаи латукуб аз тарафи кормандони миллиса ҷон додааст.
Он замон мақомоти масъул сабаби марги Толибҷон Дӯстовро сактаи дил арзёбӣ карда буданд. Наздикони марҳум вобаста ба марги Толибҷон Дӯстов ба Прокуратураи генералӣ ариза навишта хостаанд, ки нисбати кормандони миллиса бо модаи шиканҷа парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шавад.
Прокуратураи генералӣ дар ҷавоби аризаи наздикони Толибҷон Дӯстов навиштааст, ки ваҷҳои овардаи онҳо вобаста ба ҳолати марги Толибҷон Дӯстов қисман тасдиқи худро ёфтаанд.
Дар асоси фактҳои ошкоршуда нисбати кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ бо моддаи 316 қисми 1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда тафтишоти пешакӣ ба зиммаи муфатишони Раёсати тафтишоти парвандаҳои ҷиноии махсусан муҳими Прокуратураи генералӣ вогузор карда шудааст.