Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев президенти Қирғизистон Садир Ҷаборовро, ки бо ташрифи дурӯзаи давлатӣ дар Ӯзбекистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар қадами аввал Мирзиёев Ҷаборовро ба муносибати интихобшавии ӯ ба маснади президенти Қирғизистон табрик намуд.
Дар мулоқоти ду ба ду масъалаҳои таҳкими шарикии стратегии ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои гуногунсоҳаро баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки муколамаи сиёсӣ дар сатҳи баланд идома меёбад ва ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо густариш дода мешаванд.
Яке аз масъалаҳои асосӣ ба анҷом расонидани корҳои аломатгузории марзи миёни ду кишвар буд, ки тибқи муоҳидаи 5 сентябри соли 2017 татбиқ мегардид.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷамъи масъалаҳои марбут ба Осиёи Марказиро бояд худи кишварҳои минтақа бар асоси манфиатҳои тарафайн ҳал кунанд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи рушди муносибатҳо дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ИДМ, СҲШ, СҲИ, ШҲДТ ва созмонҳои дигар ба тавофуқ расиданд.
Баъд мулоқот дар шакли густардаи ҳайатҳои ду ҷониб давом кард. Масъалаи асосӣ рушди минаъдаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии миёни ду кишвар буд. Гуфта шуд, ки табодули моли миёни Ӯзбекистону Қирғизистон аз 900 миллион доллар гузашт. Интизор меравад, ки ин рақам дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллар мерасад.
Ҷонибҳо ба рушди ҳамкориҳои саноатӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба ташкили монтажи мошинҳо, техникаи кишоварзӣ, асбобҳои рӯзгор, инчунин истеҳсоли матоъ ва масолеҳи сохтумонӣ дар минтақаҳои марзӣ таъкид варзиданд.
Аҳамияти стратегӣ доштани долонҳои нақлиётӣ ва транзитӣ дар ҳамкориҳои ду кишвар муҳим дониста шуд ва сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон-Қирғизистон-Чин барои манфиатҳои мардуми ду кишвар арзёбӣ гардид. Гузашта аз ин, гуфта шуд, ки роҳи байналмилалии мултимоделии Тошканд-Андиҷон-Ӯш-Эркиштом-Қошғарба афзоиши мубодилоти молӣ хеле мусоидат хоҳад кард.
Барқарор намудани хидмати автобусҳо, роҳи оҳан ва хати парвозҳои байни шаҳрҳои ду кишвар омили муҳим барои афзоиши гардиши молу мавод, мусофирон ва сайёҳон хонда шуд.
Дар меҳвари мулоқотҳои Тошканд фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ дар нуқтаҳои гузаргоҳӣ низ қарор гирифт. Ҳамчунин ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва барқиии Осиёи Марказӣ бояд манфиатҳои мардуми соири ин кишварҳоро ҳимоя намояд. Дар ин росто Ӯзбекистон омодагии худро дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ баён кард.
Дар аснои ташрифи президенти Қирғизистон Садир Ҷаборов ба Тошканд тавофуқ шуд, ки ҳамкориҳо дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ бояд рушду ривоҷ ёбад.
Ӯзбекистон яке аз кишварҳои муаррифӣ мешавад, ки дар давраи пахши пандемия ба Қирғизистон кумакҳои башардӯстона расонидааст. Тасмим гирифта шуд, ки робитаҳо дар соҳаи тандурустӣ ва дорусозӣ, аз ҷумла таъмини доруворӣ ва ашёи тиббӣ тавсеа дода мешаванд.
Президентони ду кишвар изҳороти муштарак қабул карданд. Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни ин сафар 22 санаде ба исзо расиданд, ки тақрибан ҳамаи соҳаҳои шарикии гуногунҷабҳаи Ӯзбекистону Қирғизистонро фаро мегиранд.
Гуфта шуд, шубҳае нест, ки “Харитаи роҳ” барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳо байни вилоятҳои Андиҷон ва Ӯш, Намангон ва Ҷалолобод, Фарғона ва Ботканд, Норинхидмат хоҳад кард.
-Мо ҳамаи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро муҳокима кардем. Афзалияти бештар ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дода шуд. Мо ба мувофиқа расидем, ки барои афзоиши тиҷорати дуҷониба чораҳо меандешем. Барои ин шароити мусоид ҷиҳати тақвияти робитаҳои тиҷорӣ фароҳам оварда мешаванд. Дар соҳаи савдо, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва инфрасохторҳои лоиҳаҳои нав ба маблағи беш аз 900 миллион доллар таҳти иҷро қарор мегиранд. Ҳамаи он ба “харитаи роҳ”, ки нав қабул шудааст, шомил мебошанд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вай афзуд, ки масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ баррасӣ шуданд, ки бешубҳа дар шарикии Ӯзбекистону Қирғизистон нақши муҳим мебозанд. Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки вохӯриҳои губернаторҳои минтақаҳои наздимарзиро баргузор намуда, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои мушаххасро амалӣ месозанд.
Инчунин аҳамияти калони долонҳои нақлиётии боэътимод ва самарабахш барои рушди иқтисоди ду кишвар низ таъкид карда шуд.
Президенти Қирғизистон Садир Ҷаборов дар ин мулоқот қайд намуд, ки ҷонибҳо аз мубодилаи афкор ва натиҷаҳои бадастомада қаноатманд мебошанд.
— Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Қирғизистон мебошад. Дар ояндаи наздик бо мақсади тақвият бахшидани ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкорӣ, ҷаласаҳои комиссияҳои байнипарлумонӣ ва байниҳукуматӣ, вохӯриҳои ҳокимони минтақаҳои наздимарзӣ ба нақша гирифта шудаанд. Мо ба тавофуқ расидем, ки барои соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам оварем, гардиши савдоро зиёд кунем, — гуфт Садир Ҷаборов.
Гуфта шуд, ки дар Ӯзбекистон 300 ҳазор мардуми қирғизтабор зиндагӣ мекунанд ва онҳо аз тамоми шароити созгор бархурдор мебошанд. Забон, фарҳанг ва анъанаҳои худро ҳифз мекунанд ва рушд медиҳанд.
Дар ин мулоқот қайд гардид, ки ба мақсади таҳкими дӯстии байни халқҳои ду кишвар роҳандозии рӯзҳои фарҳанг ва синамо, форумҳои ҷавонон, фестивалҳо ва намоишгоҳҳо ба мақсад мувофиқанд.
Ташрифи давлатии президенти Қирғизистон Садир Ҷаборов дар Ӯзбекистон имрӯз ба поён хоҳад расид.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд