Ҳар саҳифаи китоби ҳаёти Пешвои миллати мо майдони нангу номус ва корнамоию қаҳрамонӣ мебошад, ки хонандаашро мисли «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба роҳи далерию мардонагӣ ва худшиносию ватандӯстӣ ҳидоят менамояд.
Ҳангоми мутолиаи ин зиндагиномаи бузург аввалин сатре, ки ба чашм мерасад, чунин аст: Эмомалӣ Раҳмонро пеш аз ҳама парчами ҷуръат ба сари минбари қудрат баровард. Ӯ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ низ чун вакили мардумӣ бо суханҳои таъкидгару ватандӯстона ва халқпарвараш, ки бе ягон бим аз минбар мегуфт, машҳур шуда буд. Бори гарони сарварӣ, ки дар солҳои мудҳиш ба дӯшаш афтод, ҷисми ин марди шуҷоъро обутоби дигар дод ва гӯё пайкари оҳанинеро боз ба пӯлод мубаддал намуд. Худованд ба бахти мардуми тоҷик ин марди фархундапайро дар рӯзҳое, ки маргу зиндагӣ бо ҳам омехта шуда буданд, барои аз вартаи нестӣ раҳондани Тоҷикистон ба майдони ҳастӣ баровард.
Эмомалӣ Раҳмон бо таъкиду даъвати аввалинаш, ки «Ман ба шумо Сулҳ меорам» дар дили хурду бузург ҷо гирифт. Ӯ барои таъмини осудагии мардум ҳифзи ҷони худро фаромӯш карда, бо оби рӯди меҳру вафояш оташи кинаву ҷанги ватансӯзандаро хомӯш кард ва бо кору ҷонфидоияш, ки далели раднашавандаи ҳаёт аст, нақши бузург бозидани шахсро дар саҳнаи таърих исбот намуд. Вай мамлакати ҷангзадаи беартишу бехазинаро мерос гирифта, бо роҳу усули хоси сарварӣ ба як кишвари Сулҳу Ваҳдат ва ба як диёри гул-гулшукуфон табдил дод. Роҳи дар беш аз даҳсола тайкардааш роҳи садсолаҳоро мемонад. Вай дар ин давра бо кору кирдор ва сеҳри гуфтор муҳаббати ватандорию ифтихори миллӣ ва ҳисси худшиносиро дар дили халқи азизи худ бештар намуд. Аз ҳиммати баланд ва кордонияш биёбон боғу гулшан ва вайронаҳо ободу хотири пиру барно шод шуд. Бо роҳи бахшишу авф хатокардаҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намуд. Роҳу нақб сохт, Сангтӯдаву Роғун бунёд кард, деҳаҳо ҳам ободу зебо шуда, ба шаҳр табдил ёфтанд. Маҳз дар даврони сарвариаш бори нахуст манзалату мартабаи Зан-модар, ки офарандаи ҳаёт аст, ба арши аъло расид. Ҳоло ба шарофати сиёсати ин Пешвои хирадманд садҳо занону бонувон дар вазифаҳои масъули давлатӣ адои вазифа мекунанд.
Воқеан, сарварӣ кори осон нест, ин роҳи аз баҳри бурди худ гузаштану ба дигарон нафъ бахшидан аст. Сарварӣ масъулияту ҷавобгарист, ки на ҳама тоби бардоштани ин бори гаронро доранд.
Сазовор шудан ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва мартабаи бузурги Пешвои миллат гувоҳи далерию ҷоннисорӣ ва подоши заҳматҳои кашидаи Сарвари кишвар мебошад. Ин ҳама рӯсурхии имрӯзаи мардум дар баҳои хунҷигарии фарзанди шуҷоатмандаш пайдо шудааст.
Хушбахтона, имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба кишваре табдил ёфтааст, ки дар он ҳар рӯз ҷашну маросимҳо ва садҳо чорабиниҳои дохиливу ҷаҳонӣ мегузаранд ва мамлакати моро ба оламиён муаррифӣ менамоянд. Кохҳои нури кишвар, ки осонгари мушкилоти мардум аст, нишони ҷовидона аз ин Сарвари некпай аст. Пешвои моро на танҳо мо, тоҷикон, балки аҳли ҷаҳон дӯст медорад ва ҳар як пешниҳодашро мепазирад. Зеро Президенти мо ба ҳар аҳдаш ҷаҳд ва ба ҳар қавлаш вафо мекунад.
Ку ҳамон коре, ба он дастат задӣ, иҷро нашуд?
Ку ҳамон торе задӣ нохун ту, хушово нашуд?
Роҳ гуфтӣ, роҳҳои бехатар пайдо шуданд,
Нақбҳову ҷодаи осонгузар пайдо шуданд.
Барқ гуфтӣ, гашт пайдо «Ноб»-ҳои бемисол,
Як хати эҳсон ҷанубро кард пайванди шимол
Пуштаҳои хуфта гаштанд аз сахоят боғзор,
Дар ҳаёташ бори аввал шуд биёбон боғдор
Маҳз ранҷу заҳмати кашидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва ба як мамлакати осудаву ором табдил ёфтани мулки меросӣ, ба ному насаби мубораки ин шахсияти бузурги таърихӣ вожаҳои Сулҳовару Ваҳдатофар, Қаҳрамони Тоҷикистон ва билохир Пешвои миллат зам намуд, ки ҳама нишонаи баҳои баланд ва ифтихори бузурги халқу миллат мебошанд.
Бо хушбахтӣ имрӯз мо аз ҳаёти осудаҳолонаи худ болида, чун сипосгузор дар ҳар қадам дуои ҷони азизи Пешвои худро карда, Рӯдакивор таманно менамоем: Ҳазор сол бизӣ, сад ҳазор сол бизӣ ва сухани худро бо ин меҳрнома хотима мебахшем:
Муҳаббат бастани пуркинаҳоро дида мегӯем:
Ҷаҳон дарси сиёсат бояд омӯзад зи шоҳи мо.
Бо дуои неки модарони тоҷик