Сарвазири Федератсияи Русия барои ширкат дар нишасти шӯрои сарвазирони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) 2-юми ноябр ба Тошканд — пойтахт Ӯзбекистон сафар мекунад.
Сарвазири Русия Дмитрий дар чорчӯби ин сафар бо мақомоти Ӯзбекистон дидор ва гуфтугӯ карда, 2 ноябр бо сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов вомехурад. Тарафҳо дар ин дидор робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши беш аз пеши ҳамкориҳои мутақобил дар заминаҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ, сармоягузорӣ, энергнтикӣ, саноатӣ ва кишоварзиро баррасӣ ва бо раванди иҷрои тарҳҳои бузурги муштараки зерсохтӣ ошно мешаванд.
Ду тараф дар поёни гуфтугӯҳо бархе асноди ҳамкории байнидавлатиро имзо мекунанд. Сарвазири Русия, ҳамчунин, бо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Вай 3 ноябр дар нишаст шӯрои сарвазирони ИДМ ҳузур пайдо мекунад. Ширкаткунандагон ин нишаст ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар қаламрави ИДМ-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.