Аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, ки медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ ба 23 расид.
21-уми сентябр дар рӯзи шашуми Бозиҳои осиёӣ дар Ишқободи Туркманистон варзишгарони тоҷик 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ ба даст оварданд. Медалҳои нуқраро дар намуди кураш Беҳрӯз Хоҷазода (вазни -73 кг), дар намуди гуштии паҳлавонӣ Фарҳод Анақулов (вазни +90 кг) ва дар намуди куреши қазоқӣ Каримзода Эмомназар ба даст оварданд. Беҳрӯз дар даври 1/8-финал варзишгари мизбон Назар Каримов, дар даври ¼-финал варзишгари суриягӣ Моҳанад Шом, дар даври нимфинал варзишгари Ҷопон Мотонорӣ Шимадаро шикаст дода, дар финал аз варзишгари Узбекистон Давлат Абраев мағлуб шуд. Фарҳод дар даври чорякфинал бар варзишгари Қирғизистон Орзубек Қорибеков, дар нимфинал бар варзишгари Туркманистон Вадим Петросиян ғалаба карда, дар финал аз намояндаи Эрон Аҳмад Мирзо шикаст хурд. Эмомназар баъд аз ду ғалаба бар варзишгарони Ҳиндустон – Кедувиле Зуму ва Акшай Сурве дар финал аз намояндаи кишвари мизбон Теҷен Теҷенов мағлуб гашт.
Медалҳои биринҷиро Хушқадам Хусравов (-66 кг) дар намуди кураш ва Масрур Миралишоев дар гуштии паҳлавонӣ сазовор шуданд. Хушқадам баъд аз ду пирӯзӣ бар Ҳай Нгуйен (Ветнам) ва Алӣ Ҳодӣ Ал-Шадидӣ (Сурия) дар даври нимфинал аз варзишгари Туркманистон Марат Оразов шикаст хурд. Масрур, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи Покистон Муҳаммад Аднан мағлуб шуд. Сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар Бенямин Теои сингапурӣ ғалаба кард.
Дар намуди кураш варзишгари дигари тоҷик Баҳодур Ҳалимов (-66 кг) дар даври аввал аз варзишгари эронӣ Ганбаралӣ Чанбарӣ шикаст хурд.
Дар намуди таэквандо WTF Хуррам Меҳтаршоев дар вазни -68 кг рақобат кард. Ӯ дар набарди аввал бар варзишгари мизбон Ҷалолиддин Ботиров пирӯз шуд, вале дар рақобати дуюм аз варзишгари Ветнам Ҳонг Лу мағлуб гашт. Таэквандочиёни кишвар баромадашонро дар Бозиҳои «Ишқобод-2017” анҷом доданд. Аз миёни 5 варзишгари ширкаткунанда дар ин намуд – миёни бонувон Моҳрӯ Ҳалимова (-73 кг) ва миёни мардон Манучеҳр Неъматов (-54 кг), Давлатмурод Каримов (-63 кг), Ҷамшед Носиров (-58 кг), Хуррам Меҳтаршоев (-68 кг) – Манучеҳр сазовори медали нуқра гардид.
Чор варзишгари мо – Мутриба Ҳотамӣ, Надежда Антонова, Алишер Каримов ва Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев дар шатранҷ рақобатро дар намуди инфиродӣ оғоз карданд. Дар даври аввал танҳо Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ғалаба кард. Дар даври дуюм Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ва Мутриба Ҳотамӣ мағлуб шуданд, Надежда Антонова ва Алишер Каримов ғалаба ба даст оварданд.
Дар намуди вазнбардорӣ дар вазни 77 кг (гурӯҳи «В”) ду варзишгари мо – Илҳомҷон Шукуров ва Рамоилҷон Забиров иштирок намуданд, аммо аз медал маҳрум монданд.
Варзишгарони мо баъд аз ҷамъбасти рӯзи шашум соҳиби 23 медал — 4 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Тоҷикистон миёни 65 дастаи иштирокчӣ мавқеашро дар ҷои 25 нигоҳ дошт. Кишвари мизбон – Туркманистон, ки 148 медал (59 тилло, 43 нуқра, 46 биринҷӣ) дорад, дар ҷои аввал аст. Эрон бо 52 медал (16-9-27) дар мақоми дуюм ва Тайланд бо 39 медал (13-12-14) дар ҷои сеюм қарор доранд. Умуман варзишгарони 32 давлат то имрӯз соҳиби медал ва варзишгарони 24 давлат соҳиби медали тиллои бозиҳо гардидаанд.