Паҳлавони шинохтаи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар Ҷоми ҷаҳони самбо ба хотираи Харлампиев, ки дирӯз дар Русия оғоз шуд, дар вазни 64 килограмм дар самбои варзишӣ медали тилло ба даст овард.

Дар рӯзи аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо ба хотираи Харлампиев, ки дирӯз оғоз шуду имрӯз ба анҷом мерасад, варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд.

Дар мусобиқа, ки аз рӯи равияҳои самбои варзишӣ миёни мардон ва бонувон ва самбои размӣ миёни мардон сурат мегирад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 11 нафар ширкат доранд.

Дар рӯзи аввал паҳлавони шинохтаи кишвар, чемпиони ҷаҳон дар соли 2018 Хушқадам Хусравов дар вазни 64кг-и самбои варзишӣ медали тилло ба даст овард. Дар ин вазн медали нуқра насиби Ҳомидҷон Муминов (Узбекистон) ва медалҳои биринҷӣ насиби Руслан Богдасариён (Русия) ва Павел Ҳладкӣ (Белорус) гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Ҷамшед Сафаров дар вазни -71кг-и самбои размӣ сазовори ҷои сеюм шуд. Медали тиллои ин категорияи вазниро Стефан Кобенов (Русия) сазовор шуд. Медали нуқраро Нозимбек Юнусуғлу (Қирғизистон) ва медали дигари биринҷиро Олжас Тлеуберганов (Қазоқистон) ба даст оварданд.

Қувваозмоиҳо имрӯз идома меёбанд. Дар самбои варзишӣ варзишгарони мо Акмалиддин Каримов ва Фирдавсӣ Алхатобӣ (-58кг), Деваштич Убайдӣ, Исфандиёр Холов, Сорбон Сулаймонов (-71кг), Садр Боев (-88кг), Ҷалол Боқиев (+98кг) ва дар самбои размӣ Шокир Қаландаршоев, Абдулҳақи Меҳрубон (-64кг), Рамазон Ҷумъаев, Фирдавс Мирзоев (-79кг) нерӯ месанҷанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here