Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи силсилаи Гран-прии ҷудо дар Тошканд соҳиби медали тилло шуд.

Ин мусобиқа, ки ҳазинаи ҷоизааш 100 000 доллар буд 6 ва 7-уми октябр дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор гардид. Комроншоҳ то ба финал расидан дар вазни 90 кг Достон Маллаев ва Дониёр Имомовро аз Ӯзбекистон шикаст дод. Дар финал паҳлавони тоҷик боз бар як намояндаи Ӯзбекистон ғалаба кард. Ҳарифи ӯ дар ин марҳала Дилшод Чориев буд. Ба ғайр аз медали тилло ба Комроншоҳи Устопириён 3 000 доллар мукофот низ доданд.

Ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён 8 нафари дигар низ дар мусобиқаи силсилаи Грп-при дар Тошканд Тоҷикистонро намояндагӣ карданд, аммо ҳеч кадоми онҳо соҳиби медалу ҷоиза нашуданд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here