Дирӯз варзишгарони тоҷик дар чемпионати қайиқронии Осиё дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 23-сола сазовори ду медал шуданд, ки яке тилло ва дигаре биринҷист.

Варзишгари маъруфи кишвар Шаҳриёр Даминов дар қувваозмоии қайиқронӣ дар каноэи якнафара ба масофаи 1000 метр сазовори медали тилло шуд. Дар ин масофа ҷои дуюмро намояндаи Узбекистон ва зинаи сеюмро варзишгари Эрон ишғол намуданд.

Шаҳриёр, ҳамчунин дар каноэи чорнафара ба масофаи 1000 метр ҳамроҳ бо Мустафо Даминов, Иван Ковалев ва Дилшод Ҷӯраев медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 23-сола ва Ҷоми қайиқронии Осиё дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон бо иштироки варзишгарони 15 давлати Осиё 20-уми октябр оғоз гардида, то 25-уми октябр идома меёбад. Аз ҷумҳурии мо дар ин мусобиқот 23 варзишгар иштирок доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here