Шатранҷбози 12-солаи Тоҷикистон Сабрина Абророва дар Чемпионати Осиёи Ғарбӣ, ки 16-23 ноябр дар шаҳри Тошканди Узбекистон баргузор шуд, ҷои дуюмро ишғол кард. Ӯ аз 7 имтиёзи имконпазир 5 хол ба даст овард.
Дар ин чемпионат 300 шатранҷбози 11 кишвар иштирок карданд. Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 10 шатранҷбоз иборат буд. Сабрина Абророва, хонандаи синфи 6-и мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Душанбе, дар мусобиқаи шатранҷи фаврӣ (рапид) миёни духтарони то 12-сола мақоми дуюмро ишғол кард. Дар ин мусобиқа, инчунин шатранҷбози навраси тоҷик Меҳриддин Шарифов натиҷаи нисбатан хуб нишон дод. Дар байни писарони то 14-сола ӯ сазовори ҷойи чорум гардид.
Сабрина шоҳмотбози умедбахш аст, ки соли гузашта бори аввал дар мусобиқаи байналмилалӣ – Ҷоми Ботвинник дар Маскав иштирок карда, дар ду бозӣ ғолиб омада, 3 бозиро мусовӣ анҷом дод, ки барои ҷавонтарин иштирокчӣ натиҷаи хуб ба ҳисоб мерафт. Имсол дар Олимпиадаи 43-юми ҷаҳонии шатранҷ (Батуми, Гурҷистон) Сабрина аз 11 холи имконпазир 6,5 имтиёз ба даст овард, ки дар таърихи шатранҷи Тоҷикистон миёни бонувон натиҷаи беҳтарин ба ҳисоб меравад.