Нуқтаи авҷи сирияти COVID-19 дар Маскав ҳарчӣ зудтар ба ҷашнҳои моҳи май иттифок хоҳад афтод. ОИР «Новости» субҳи имрӯз дар такя ба изҳороти  сардухтури маркази тибии «Лидер медицины», духтур-педиатр, инфексияшинос, воксинолог  Евгений Тимаков аз ин хусус хабар дод.

Духтур шарҳ дод, ки дар пойтахт раванди эпидемия барвақт оғоз ёфта буд, аз ин лиҳоз, нисбат ба дигар манотиқ нуқтаи ниҳоии гирифторшавӣ зудтар фаро мерасад.

— Анҷом ёфтани эпидемия дар охири тобистон пешгӯӣ карда мешавад, аммо вазъ поёни моҳи май муътадил хоҳад шуд, — илова кардааст Тимаков.

Дар Русия зиёда аз 62 ҳазор нафар ба коронавирус сироят ёфта, 555 нафар фавтидаву наздики 4,9 ҳазор нафар шифо ёфтаанд. Дар ин шабонарӯз шумораи сироятёфтагон нисбат ба рузҳои қаблӣ коҳиш ёфтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here