Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон 3 декабр давраи навбатии машваратҳои байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷии Ӯзбекистон  ва Тоҷикистон перомуни дастгирии иттилоотии сиёсати хориҷӣ ва кор бо воситаҳои ахбори омма баргузор шуд.

Ҷониби ҳайати Тоҷикистонро сардори садорати иттилоот, матбуот, таҳлил ва банақшадарории сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вафо Ниятбекзода сарварӣ кард.

Дар ин мулоқоти машваратӣ намояндагони ҳар ду ҷониб роҷеъ ба масъалаҳои дастгирии иттилоотии сиёсати хориҷӣ, сабти ном кардани воситаҳои ахбори умум, кор бо афкори ҷомеа ва ВАО, ташкил намудани чорабиниҳои матбуотӣ табодули назар карданд.

Дар ҷараёни ин машварат пешниҳодҳо аз рӯи рушди ҳамкориҳои хадамоти иттилоотии бахшҳои иқтисоди хориҷии ду кишвар низ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here