Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати обёрӣ ва донишҳои муҳофизати муҳити зист Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тӯли 2 соли охир барои насли наврас чорабинии тарғиботиву таблиғотӣ зери унвони “Маърифати обёрӣ”-ро дар 12 ноҳияи  фарогири лоиҳа роҳандозӣ кардааст.  Тибқи муқарароти чорабинӣ миёни хонандагони синфҳои 5 то 11 озмуни “Қироати беҳтарини шеър” “Иншо, расм  ва саҳначаи беҳтарин” баргузор гардиданд.

Зимни ин чорабиниҳо хонандагон намоишҳои театриеро пешкаш мекарданд, ки дар онҳо  мушкилоти муҳим ва ҷиддии рӯзгорамон, инчунин  роҳҳои ҳалли он, аз ҷумла пешгирии об аз ифлосшавӣ, пешгирии партофтани партовҳо дар шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифати санитариву экологии насли наврас ва ҷавон намоиш дода мешуд.

Тавре масъули бахши обёрии Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ иброз дошт: “Дар  ҷараёни баргузории ин маҳфилҳо Лоиҳа бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагон ба илму дониш ба китобхонаи ин муассисаҳои таълимӣ луғатҳои тоҷикӣ-русӣ-англисӣ ва харитаҳо низ тақдим карда, варзишгоҳҳои онҳоро таъмиру барқарор ва бо ашёи варзишӣ таъмин намуданд”.

Ҳамчунин, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ доир ба паёмадҳои риоя накардани талаботҳои санитарӣ ва тозагии об филми тасвириеро, ки аз ҷониби Лоиҳа таҳия шудааст, намоиш дода мешуд.

Ҳазорон корҳои хурду калоне ҳаст, ки ҳар яки мо аз уҳдаи иҷрояшон мебароем ва агар ҳатто яке аз онҳоро анҷом бидиҳем, дар ҳифзи ин зистгоҳамон, Модар-Замин ва саломатии худ саҳми бузурге мегузорем.

Шаҳноз Комилзода,

махсус барои “Фараж”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here