Фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Дилноза Каримова, Диёрбек Аминҷонов, ки тайи се моҳи охир аз бемории саратон ранҷ мебурд, шаби 31-уми декабри соли 2017 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон аз дунё даргузашт.
Дилноза Каримова рӯзи 1-уми январи соли равон дар саҳифаи фейсбукаш навиштааст, ки “дили ӯ идомаи табобати кимиёвиро бардошт карда натавонист. Ба як каф дуои Шумо ниёз дорему бас”.
Диёрбекро барои табобат ва ҷарроҳӣ аз бемористони шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Ҳиндустон бурда буданд.
Ин овозхони тоҷик аз ҳамаи онҳое, ки барои табобати писараш ёрӣ кардаанд, изҳори сипос намуда, аз он афсус хӯрдааст, ки натавонистанд ӯро наҷот бидиҳанд. Ӯ навиштааст: “модарон, хоҳарон, бародарон ва мухлисону ҳамватанони азиз. Салом ба ҳамаи онҳое, ки тайи чанд ҳафта бо ғаму дарди ман шарик буданд. Аз муҳаббату лутфу меҳрубонӣ ва дастгирии ҳар яке аз шумо аз замин то осмон миннатдорам. Пеши пойи ҳар яке аз шумо сар фуруд меорам. Илоҳӣ, ғаму дарди фарзандро набинед. Ба пойи фарзандонатон хоре нахалад. Аммо ман дигар чизро гуфтан мехоҳам. Ҷигарбандам Диёрбек бегоҳи 31-уми декабр, соати 20:15, дар яке аз клиникаи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар 5-солагиву ҳафтмоҳагӣ ин оламро падруд гуфт. Аз бародарам Зайниддин Каримов хоҳиш дорам, ки маблағҳои барои наҷоти фарзандам ҷамъшударо ба ниёзмандони дигар бидиҳад”.
Ба гуфтаи Алишер Каримов, бародари Дилноза Каримова ҷасади Диёрбек Аминҷоновро шоми 2-юми январ ба ватан меоранд. Диёрбекро тариқи ҳавопаймо аз Деҳлӣ нахуст ба Душанбе ва аз онҷо ба шаҳри Хуҷанд мебаранд.
Ба қавли ӯ ҷанозаи Диёрбек Аминҷонови рӯзи 3-юми январ соати 8:00 дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар назар аст, ки Диёрбекро модараш Дилноза Каримова ва яке аз наздикони дигараш ба Тоҷикистон оранд.
Диёрбек Аминҷонов моҳи октябри имсол дар яке аз бемористонҳо бистарӣ шуд. Пизишкони саратоншинос дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баъд аз муоинаву шурӯи муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов гуфта буданд, ки ин тифл гирифтори “лимфома” ё саратони буғумҳост.