Мақомоти вилояти Суғд рӯзи 28-уми апрел марги се нафари дигарро дар ҳудуди вилоят аз бемории илтиҳоби шуш тасдиқ карданд. Ба иттилои мақомот, фавтидагон яке сокини шаҳри Хуҷанд Акрам Аслонов ва дуи дигар сокини ноҳияи Зафаробод буданд.
Сардори хадамоти давлатии назорати соҳаи маориф ва вилоят Акрам Аслонови 59-сола, рӯзи 27-уми апрел аз бемории илтиҳоби шуш фавтида, пас аз марги ӯ ду ҳамкорашро ба қарантин гирифтаанд.
Дар бораи марги ду нафари дигар, ки сокинони ноҳияи Зафаробод буданд, маълумоти дақиқе дода нашудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон то ҳол мавҷудияти коронавирусро дар кишвар рад карда, мегӯяд, фавтидагон ҳама аз илтиҳоби шуш, ё худ пневмония, фавтиидаанд.