Шаҳрванди Ӯзбекистон Сайфулло Соҳибови 29-сола, ки бо гумони анҷоми ҳамлаи террористӣ дар маркази шаҳри Ню-Йорк боздошт шудааст, расман дар терроризм ва дастгирии молии созмони даҳшатафкан айбдор шуд.

Соҳибов 8 касро кушта, 12 тани дигарро захмӣ кардааст. Ӯ дар суд гуфтааст, ки аз кардааш пушаймон нест ва мехост, ҳар чӣ бештар одам бикушад.

Ин ҳамлаи террористӣ 31 октябр рух дод. Шаҳрванди Ӯзбекистон, ки дар робита ба он боздошт шудааст, гуфт, рӯзи Ҳеллоуинро барои ҳамла махсус интихоб кард, чун одатан дар ин рӯз кӯчаҳо пур аз одаманд.

Соҳибов гуфтааст, барои ҳамлаи мазкур ҳудуди як сол омодагӣ дидааст. Ӯ изҳор доштааст, ки аз кардааш пушаймон нест ва баракс мехост, бо мошин шумори бештари одамонро пахш карда, то ба пули Бруклин бирасад, вале ногаҳон ба автобус бархӯрд.

Гумонбар, ки дар суд дар аробачаи маъюбӣ менишаст, гуфтааст, баъди ҷарроҳӣ худро хуб ҳис мекунад. Ӯ аз ҳаққи зидди худ шоҳидӣ додан даст кашида, афзудааст, ки тамошои як видеои марбут ба гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” (ДИ) ӯро ба ин амал ташвиқ кард. Соҳибов хост, дар утоқе, ки бистарӣ аст, парчами ДИ-ро овезанд.

Ин сокини шаҳри Тошканди Ӯзбекистон соли 2010 ба Амрико рафта, нахуст дар Флорида, Оҳайо ва ахиран дар шаҳри Паттерсони Ню-Ҷерсӣ зиндагӣ мекард. Шиносҳояш ӯро на ҳамчун як тундрав, балки ҷавони хашмгини дорои мушкили иқтисодӣ тавсиф мекунанд.

Дар Тошканд Соҳибовҳоро як хонаводаи хубу ғайримазҳабӣ меноманд. Сайфулло пеш аз рафтан ба Амрико бахши молияи донишгоҳи Ӯзбекистонро хатм ва дар яке аз меҳмонсароҳои Тошканд ба ҳайси муҳосиб кор кардааст.

Эҳтимол дорад, ӯ дар ИМА зери таъсири ақидаҳои ифротӣ қарор гирифтааст.

Пештар Бюрои федеролии тафтишоти ИМА хабар дод, ки дар робита ба теракти Ню-Йорк зодаи 34-солаи дигари Ӯзбекистон Муҳаммадзоир Қодировро ҷустуҷӯ дорад. Кормандони бюро дирӯз гуфтанд, ӯро ҳам боздошт карданд, вале аз додани иттилоъ дар борааш худдорӣ карданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here