Дар толори китобхонаи Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии назди Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори раёсати Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон бар асоси осори ғановатманди поягузори шеъри форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили “Рӯдакихонӣ” баргузор гардид. Чунин маҳфил дар тайи солҳои зиёд бори нахуст аз тарафи ин раёсат дар шаҳри Тошканд роҳандозӣ гардидааст.
Дар ин нишасти адабӣ ҷамъе аз аъзои фаъоли Маркази миллӣ, шоирон, олимон ва хабарнигорон, дӯстдорони адабу фарҳанг, овозхонон ва донишомӯзони тоҷик ҳузур доштанд. Нишастро Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ, раиси Маркази миллӣ ва фарҳании тоҷикони Ӯзбекистон, ҳусни ифтитоҳ бахшид
— Мо — форсизабонон, яъне тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Одамушшуъаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дар ин чанд соли охир тақрибан фаромӯш кардаем. Рӯдакӣ на танҳо падари шеъри форсӣ-тоҷикӣ, натанҳо поягузори адабиёти клоссики форсии тоҷикӣ, балки ҳамчунон аз асосгузорони адабиёти ҷаҳони ислом аст. Таъсир ва нуфузи Рӯдакӣ дар асрҳои баъдӣ ончунон бориз ва амиқ будааст, ки гирифта аз муъосиронаш то аҳди Сойибу баъд аз он ба ашъори ӯ, ба вижа, қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён»-и ӯ пайравӣ кардаанд. Муҳаққиқон теъдоди назираҳо ва ҷавобияҳоеро, ки ба «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» суруда шудаанд, бештар аз 150 медонанд, — гуфт Ҷаъфари Муҳаммади Тирмизӣ.
Вай илова кард, ки чунин пайравӣ ба ин шеър имрӯз низ дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Ӯзбекистону Покистон аз сӯйи шоирони муосир идома дорад. Сабки хуросонӣ. ки ба номи «Сабки Рӯдакӣ» низ маъруф аст, мубтанӣ бар санъати «саҳли мумтанеъ» мебошад. Гуфта шуд, ки тақрибан тамоми абёти боқимондаи Рӯдакӣ соддаву осон ба назар мерасад, аммо гуфтанаш мушкил аст.
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ тазаккур дод, ки агар Рӯдакӣ набуд, Фирдавсию Низомӣ, Саъдию Амир Хусрав, Аттору Мавлавӣ, Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ, Ҷомиву Навоӣ, Бедилу Сойибу дигарон муваффақ набуданд, зеро Рӯдакӣ таҷрубаҳои садсолаи шеъри пешиниёнро бар ҳадди аъло расонид ва такомул бахшид, жанрҳои мухталифи шеъри форсӣ-тоҷикиро аз қабили ғазал, қитъа, рубоӣ, қасида, фарду маснавӣ ва монанди он такмил дод. Ҳатто баъзе аз онҳоро ихтироъ кард.
— Арӯзро, ки системи шеъри арабӣ буд, комилан вориди шеъри мо намуд ва худ низ дар баҳрҳои гуногуни арӯз шеър суруд. Баъд аз Рӯдакӣ натанҳо шоирони форсу тоҷик, балки шоирони арабзабону туркизабон низ бо такя ба суннатҳои адабии Рӯдакӣ, бо такя ба образҳои поэтикии Рӯдакӣ шеър гуфтанд. Баъдан тамоми суннатҳои адабӣ ва образҳои бадеие, ки Рӯдакӣ оғоз кард, дар адабиёти туркизабон, хусусан, адабиёти туркии чағатоӣ, яъне ӯзбекӣ ва озарӣ аз сӯйи шоироне чун Насимӣ, Лутфӣ ва Навоиву Бобур мавриди истифода ва татбиқ қарор гирифтанд. Метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ҳаққи падарӣ бар адабиёти ҷаҳон низ дорад, — изҳор кард раиси Маркази тоҷикони Ӯзбекистон.
Дар маҳфил ҳамчунин роҷеъ ба ҳасби ҳол ва фаъолияти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба иштирокчиёни он маълумоти хуб ироа гардид. Гуфта шуд, ки Рӯдакӣ дар Панҷакент ба дунё омадааст, дар Самарқанд таҳсили илм кардааст, дар Бухорои шарифи аҳди Сомониён ба авҷи шукӯҳ расидааст. Баҳси теъдоди абёти Рӯдакӣ то имрӯз ба таври қотеъ баста нашудааст. Вале аз ҳамин 1100 ё 1200 байт шеъру ғазале, ки дар дастарси ворисони шеъри ноби форсӣ қарор дорад, кофист, ки ба мақоми устодӣ ва абарқудратии Рӯдакӣ дар шеър пай бурда шавад.
Ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ӯзбекистон Мӯҳсин Пурмӯҳсинӣ дар бораи зиндагӣ ва шеъри Рӯдакӣ, ҳамчунон дар бораи таҳқиқи рӯзгор ва осори Рӯдакӣ дар Эрон ва ҷаҳон сухан ронд. Ба гуфтаи оқои Пурмӯҳсинӣ имрӯз дар тамоми китобхонаҳову китобфурӯшиҳои Эрон китобҳои устод Рӯдакиро хеле фаровон метавон пайдо кард. Ашъори ӯ барои ҳар як хонаводаи эронӣ азизу гиромист.
Муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби рақами 43-и ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд Садриддин Набиев, муаллими мусиқии мактаби рақами 9-и ин ноҳия Ғойибҷон Ашуров, ки ҳар ду аъзои фаъоли Маркази миллии тоҷикони Ӯзбекистон мебошанд, дар бораи ҷовидонагии шеъри Рӯдакӣ ҳарф заданд ва аз ашъораш намунаҳо қироат карданд.
Дар маҳфил ҳамчунин суханрониҳои хонанда ва мусиқинавози куҳансол Озод Каримов, узви раёсати Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон ва раиси Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони «Суғдиён»-и шаҳри Чирчиқ Орзугул Абдураҳмонова, узви раёсати Маркази миллӣ ва фарҳангии тоҷикони Ӯзбекистон, шоир ва овозхон Аҳмад Назар шунида шуд.
Ҳамчунин, донишомӯзони мактабҳои тоҷикии ноҳияи Бӯка, шаҳри Чирчиқ ва амсоли он аз ашъори Рӯдакӣ шеърҳо қироъат карданд. Дар маҳфил сурудҳо бар ашъори Одамушшуаро низ садод доданд ва табъи иштирокчиёни онро болида сохтанд.
Дар поёни маҳфили мазкур Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ гуфт, ки онҳо набояд интизори ҷашни солгарди бузургворон бошанд ва ҳамеша бояд ёди нобиғаҳои адабиёти форсӣ-тоҷикӣ пос дошта шаванд, мероси маънавии онҳоро мавриди омӯзиши пайваста қарор гиранд.
Ногуфта намонад, ки ба муносибати баргузории аввалин маҳфили “Рӯдакихонӣ” дар шаҳри Тошканд бо акси устоди Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нишони сарисинагӣ таҳия шуд ва ба ҳозирони маҳфил тақдим гардид.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд