Аз 5-уми январи соли равон маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар ҷорӣ гардид ва масъулини ширкати “Барқи тоҷик” дар як муроҷиат ба мардум гуфтанд, ки лимити барқ дар як шабонарӯз ҳафт соатро дар бар гирифта, асосан шабона аз соати 23 то 6-и субҳ идома хоҳад кард. Аз сокинон даъват карда мешавад, ки барои гармкунии хонаҳо аз ҳезуму ангиштсанг истифода кунанд.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинон дар минтақаҳои дурдаст аз камбуди ҳезум ва надоштани имконият барои харидории ангиштсанг шикоят доранд. Ба андешаи эшон, дар навоҳии дурдаст як тонна ангишсанг то ҳазор сомонӣ нарх дорад, ки на ҳама аз он харида метавонанд.
Масъулини ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани маҳдудиятро дар интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ ба “камшавии захираҳои об дар ҳавзаи ташаккулёбии дарёи Вахш дар соли сипаришуда” рабт дода, сокинони кишварро ба “яке аз роҳҳои асосии ҳалли мушкилоти баамаломада — сарфакории нерӯи барқ” даъват карданд.
“Барқи тоҷик” шоми 5-уми январ тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва субҳи имрӯз, 6-уми январ дар сомонаи расмии Ширкат ба сокинони Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфт, “бо сабаби сардиҳои шадиди оғози фасли зимистон ва тӯлонӣ пешбинӣ шудани сардиҳои имсола, хавфи нарасидани захираи об то охири зимистон дар обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” пеш омадааст. Ҳоло сатҳи обанбори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта чор метр паст аст”.
Масъулини “Барқи тоҷик” бар онанд, ки ҳарчанд дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон иқтидорҳои нави энергетикӣ бунёд ва як силсила нерӯгоҳҳои мавҷуда таҷдиду навсозӣ карда шуда бошанд ҳам, вале дар баробари ин талабот ба нерӯи барқ миёни аҳолӣ сол то сол меафзояд.
“Ҳоло вазъият ҷиддист ва эҳтимоли то баҳор нарасидани захираҳои об ба миён омадааст. Аз ин рӯ, лозим меояд, ки чанд муддат дар кишвар, дар он мавзеъҳое, ки биноҳои баландошёна мавҷуд нестанд ва имкони истифодаи дигар манбаъҳои гармӣ мавҷуд аст, интиқоли барқ маҳдуд карда шавад. Маҳдудият аз рӯзи 5 январи соли 2021 асосан шабона ҷорӣ гардида, аз соати 23:00 шаб то соати 06:00-и субҳ идома меёбад. Мо бовар дорем, ки ҳамватанони гиромӣ моро дуруст мефаҳманд, ки ин тадбир аз рӯи зарурат мебошад. Мақсад аз он пешгирӣ намудан аз пурра сарф шудани захираҳои об буда, дар сурати гарм омадани моҳҳои минбаъдаи зимистон, зиёд гардидани сатҳи об дар маҷрои дарёи Вахш ва захираи оби обанбори “Норак” имкони бекор кардани маҳдудият ба назар гирифта шудааст”, — омадааст дар муроҷиати Ширкати “Барқи тоҷик” ба сокинони кишвар.