Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 4–уми октябр зимни мулоқоти худ бо аҳли зиё, илм, фарҳанг ва маориф ба муносибати Рӯзи забон, аз вазъи ногувори забон интиқод карда, ба Академияи илмҳо ва дигар ниҳодҳои дахлдор зарурати татбиқи лоиҳаи нави “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” – ро супориш дод. Барои иҷрои  ин дастур Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо, бо ҷалби забоншиносони варзида, аз 1-уми ноябр ва супориши раиси Дастгоҳи иҷроия аз 5-уми ноябр таҳти №26.10-380, гурӯҳи корие таъсис дода аз пайи амалигардонии лоиҳа гардид. Гурӯҳи кории мазкур аз кормандони шуъбаи забони Институти забон ва адабиёт, мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳот, устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва забоншиносони саршинос иборат буд.

Сайфиддин Мирзоев, мудири шуъбаи забони Институти забон ва адабиёт, аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи мазкур ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки аъзои гурӯҳи кории лоиҳаи “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” дар таҳрири нав, мебоист то оғози моҳи декабри соли гузашта хулосаҳои лозимаро ба роҳбарият, ҷиҳати баррасӣ пешниҳод мекарданд.

— Аз сабаби мавҷуд будани баъзе аз масъалаҳои печида дар атрофи  қоидаҳои имло ин кор то оғози моҳи январи  соли 2020 идома ёфт, — гуфт Сайфидин Мирзоев. — Гурӯҳи корӣ айни замон хулосаҳои ниҳоиро дар атрофи қоидаҳои имло бароварда, рӯзҳои наздик онро барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод мекунанд.

Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот, бар он назар аст, ки қоидаҳои нави имло масоили марбут ба феҳристи номҳои миллӣ, тарзи дурусти калимаҳои аз дигар забон иқтибосгардида, мавқеи ҳарфи “ӯ” дар калима ва амсоли инро дар бар мегирад.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз омӯзгорону забоншиносон бар он боваранд, ки мутобиқшавии мардум ба қоидаҳои нави имло ба душворӣ сурат хоҳад гирифт, зеро мардум ҳанӯз ба имлои қаблӣ хуб одат накардаанд.

Дар робита ба ин масъала Раҳим Зулфониён иброз намуд, ки қоидаҳои имлои забони давлатиро, забоншиносон ба як тартибу усули муайян таҳияву манзури халқ гардониданианд, то истифодабарандагон дар риояи он ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд.

Вебгоҳи faraj.tj ҷараёни татбиқи лоиҳаро пайгирӣ мекунад.

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here