Ба хотири дар амал татбиқ кардани Амри президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои мутафаккирон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ озмун эълон карда буд.
Озмуни мазкур ҷамъбаст гардида, лоиҳаи муаллиф Ғафур Ҷӯраев бо рамзи «Субҳ» ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ барои таҳияи беҳтарин пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ дар боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» эълон карда шуд.
Эмомалӣ Раҳмон 6-уми марти соли 2018 дар бораи таъсиси Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» Амр ба имзо расонида буд. Дар асоси ин Амр қарори раиси шаҳри Душанбе ба имзо расида, боғи «50-солагии ҷавонон», воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе, ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» иваз гардид.