Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ба танзим даровардани сару либоси тиббии кормандони муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ либоси ягонаи кормандони ин ниҳодро тасдиқ кардааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми мазкур дар асоси супориши ҷаласаи машваратии назди ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита ба ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, тибқи банди 10-и Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, амалӣ гардидааст.

Вазорати тандурустӣ дар асоси ин иқдом ба ҳамаи муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ, роҳбарони мактабҳои тиббӣ, директорони пажӯҳишгоҳҳо ва сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шабакаи муассисаҳои ёрии аввалияи тиббию санитарӣ супориш додааст, ки кормандони худро бо либосҳои ягонаи тиббии тасдиқгардида таъмин намоянд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here